"Смс" аз ширкатҳои мобилӣ: симкортҳо қатъ мешаванд

© © SputnikСим-карта, архивное фото
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон зимни ирсоли як паёмак ё “смс” аз муштариён хостаанд, ки агар симкортҳояшонро дубора сабти ном накунанд, хизматрасонии онҳо қатъ карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин паёмак, ки дастраси муштариён шудааст, омадааст, ки онҳо бояд симкортҳои бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 гирифтаашонро бо шиносномаҳои пластикии соли 2014 дубора сабти ном кунанд.

“Муштарии азиз! Дар сурати содир шудани симкорти шумо бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 1996 (шиносномаи коғазӣ), он гоҳ мутобиқ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №64, аз 9 феврали соли 2019, шумо ниёз ба шиносномаи намунаи соли 2014 (корти шиносоии пластикӣ) доред ва бояд ба яке аз дафтарҳои хадамот Мегафон рафта, то 15 феврали соли 2020 дубора сабти ном кунед, дар ғайри ин, хизматрасонии симкорти шумо ба ҳолати таълиқ дар хоҳад омад”, - омадааст дар паёмҳои ширкатҳо.
Знак Beeline на здании бизнес-центра Созидание. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси додгоҳ: "Мегафон"-у "Билайн" бар Кумитаи андоз пирӯз шуданд

Ҳушдори ширкатҳои мобилӣ аз он хотир ҷиддӣ ба назар мерасад, ки Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, 27 январ, дар нишасти матбуотии ахири ниҳодаш посухи рушане дар ин маврид надод. Вай гуфт, боварӣ дорад, бақайдгирии симкортҳо то 15 феврал ба анҷом мерасад. 

Дар Тоҷикистон чаҳор ширкати мобилӣ фаъолият мекунанд, Мегафон, Tcell, Z-Mobile ва Babilon-M, ки бино ба иттилои Хадамоти алоқа, дар кулл 6 миллиону 892 ҳазору 222 симкорт ё 4 миллиону 836 ҳазору 891 симкорти фаъолро миёни худ тақсим мекунанд.

Пеши мардум ҷавоб гӯянд: даъвати раисони Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ ба парлумон

Аммо тибқи иттилои расмии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, рӯзи тасвиби қарори ҳукумати Тоҷикистон то якуми январи соли равон 3 миллиону 36 ҳазору 433 симкорт дубора бо корти шиносоии соли 2014 сабти ном шудаанд ва ҳамоно 3 миллиону 855 ҳазору 789 – и онҳо бо шиносномаи 1996 сабт шудаанд.

Ин ба он маънист, ки агар ба ҳар 11 моҳи сипаришуда ин теъдоди бузурги симкортҳо тақсим шавад, то 15 феврали соли равон беш аз 3 миллион симкорти сабтшуда ё ҳудуди яку ним миллион симкорти фаъол аз кор хоҳанд монд ва зарбаи онро қабл аз ҳама муштариён, сипас худи ширкатҳои мобилӣ эҳсос хоҳанд кард.

Илҳомҷон Атоев ба суолҳои мукаррари хабарнигорон дар бораи эҳтимоли тамдиди мӯҳлати сабти дубораи симкортҳо посухи равшане надод, ба ҷуз ин ки гуфт, боварӣ дорад, бақайдгирии симкортҳо то 15 феврал ба анҷом мерасад.

Лентаи хабарҳо
0