Ҳамлаи низомиёни Исроил ба намозгузорони Фаластин дастикам 10 захмӣ барҷой гузошт

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкПразднование Курбан-байрама в Санкт-Петербурге
Празднование Курбан-байрама в Санкт-Петербурге - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯҳои низомии Исроил ба намозгузорони наздики масҷди Бобул-Раҳма ҳамла карда, монеи адои намоз шуданд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik.  Ба гузориши Spunik Афғонистон, расонаҳои Фаластин хабар додаанд, ки нерӯҳои исроилӣ ба намозгузорони фаластинӣ дар наздикии намозхонаи "Бобул-Раҳма" ҳамла карданд.

Шоҳидони қазия нақл карданд, ки онҳо намозгузоронро ба зӯрӣ аз Масҷидул Ақсо берун карданд, 10 танро захмӣ намуданд.

Беспилотник на выставке вооружений - Sputnik Тоҷикистон
Терористҳо ба пойгоҳи ҳавоии Русия ҳамла карданд
Гуфта мешавад, нерӯҳои режими Исроил ҳамчунин ба занон ҳамла карда, бархе аз онҳоро кашон-кашон аз маҳал бурдаанд.

"Онҳо 10 намозгузорро ба зарбаи гулӯлаҳои пластикӣ маҷрӯҳ карданд", - менависад манбаъ.

Аммо бархе аз расонаҳои хабарӣ менависанд, ки ҳадафи ишғолгарон аз юриш ба масҷиди Алақсо ҷилавгирӣ аз ҳаргуна тазоҳуроти эътирозомез баъд аз намози субҳ алайҳи тарҳи созиши амрикоӣ мавсум ба муомилаи қарн донистанд.

Тарҳи муомилаи қарн ки тавассути Амрико рӯнамоӣ шуд хостори чашмпӯшии паноҳандагони фаластинӣ, сокини кишварҳои арабӣ, ба вижа Лубнон аз ҳаққи бозгашт ба сарзамини худ аст. 

 

Лентаи хабарҳо
0