Супориши Олимзода ба масъулин барои пешгирии "коронавирус": омодагиро пурзӯр кунед

© Пресс-служба президента РТОлимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото
Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода дар ҷаласаи вижае аз таҳдиди "коронавирус" изҳори ниграонӣ кард

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар  робита ба вазъияти фавқулодаи байналмилалӣ эълон гардидани коронавирус, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар он  вазири тандурустӣ Насим Олимзода, муовинони вазир, роҳбарони раёсат ва муассисаҳои  зерсохтори вазорат ширкат намудаанд.

Шаҳр "мурд": Ухан-маркази пайдоиши коронавирус чӣ ҳол дорад - гузориши аксӣ

Насим Олимзода бо дарназардошти вазъи кунунии бемории сироятии коронавирус дар Чин ба сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш дод, ки ҷиҳати пешгирии бемории мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

"Новобаста ба он, ки бемории мазкур дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии ин беморӣ бояд боз ҳам пурзӯр карда шаванд",- гуфт Н. Олимзода.

Манбаъ афзуда, ки бо мақсади пешгирӣ аз воридшавии коронавирус дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки дар сарҳадот бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.

Район Мургаб - ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Сарусадои зуҳури "коронавирус" дар Мурғоб ва шарҳи Ҳукумати ВМКБ

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 30 январ зимни як нишасти хеш дар бораи паҳн шудани коронавирус, вазъияти фавқулоддаи байналмилалӣ эълон кард.

Вазорати нақлиёт чиниҳоро дар Тоҷикистон рӯйхат мекунаду зери назорат мегирад

Тедрос Адҳаном, мудири кулли ташкилоти мазкур гуфт: “агар ин вирус дар кишваре бо низоми беҳдоштии заъифтар паҳн шавад, намедонем чӣ хисороте мумкин рух диҳад”.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар поёни ин нишасти худ дар Женева хостори кӯмак ба кишварҳо барои муқобила бо паҳн шудани вирус шуд ва ба ин манзур ҳолати фавқулодда барои беҳдошти умумӣ дар сатҳи байналмилалӣ эълон намуд.

Гуфта мешавад, ки шумораи гирифторон ба вируси корона дар сатҳи ҷаҳон ба 8 ҳазору 100 нафар расид, ки аз теъдоди мубталоён ба бемории САРС дар солҳои 2002-2003 бештар аст ва пешбинӣ мешавад, ки ин бӯҳрони беҳдоштӣ ба иқтисоди Чин зарбаи бузурге бизанад.

То кунун 170 нафар бар асари олудагӣ ба ин вирус, ҷони худро аз даст додаанд.

Лентаи хабарҳо
0