Ба омбудсмен бештар аз мурофиаҳои додгоҳӣ шикоят кардаанд

© © Sputnikуполномоченный по правам человека Таджикистана Умед Бобозода
уполномоченный по правам человека Таджикистана Умед Бобозода  - Sputnik Тоҷикистон
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, соли гузашта бештар шикоятҳоро дар бораи мурофиаҳои додгоҳӣ гирифтааст

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Аз 302 муроҷиати хаттие, ки ба дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ворид гардидааст, қисми зиёди онро ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ ташкил медиҳад, хабар додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.

Шермухаммад Шохиён - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳиён дар бораи озодии Зайд Саидов бо тавсияи СММ ва раиси “Умед-88” бо ҷуброни зарар

Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, 55 муроҷиати хаттие, ки гирифтааст, марбути мурофиаҳои додгоҳӣ мебошанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, ин шумора дар қиёс ба соли 2018-ум 30 адад зиёд мебошад. Дар онҳо норозигӣ нисбат ба санадҳои судӣ, кашолкорӣ дар муҳокимаи парвандаҳо ва мусоидат барои баррасии одилонаи парванда дарҷ гардидаанд.

Тамдиди ҳабси Сёмин, таҳдиди холааш ба падари Ҳувайдо: "пулашро нагирифтам, иғво мекунад"

Дар маҷмӯъ, тайи соли гузашта дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3249 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2018 - ум 273-то кам мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала