Наздики 10 ҳазор шаҳрванду ширкатҳо қоидаҳои ҳифзи муҳити зистро нақз кардаанд

© Sputnik / Амир ИсаевГулмахмадзода Д.К. глава комитета окружающей среды Таджикистана
Гулмахмадзода Д.К. глава комитета окружающей среды Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зис­ти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 1861 ҳолати нақзи қоидаҳои ҳифзи муҳити зистро ошкор кардаанд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тибқи талаботи қонуни “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъект­ҳои хоҷагидор” дар давоми соли 2019-ум 1861 санҷиш гузаронида, хабар дод Гулмаҳмадзода зимни иншасти матбуотӣ дар Душанбе.

Горный козел, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Амрико ба ду намояндаи мақомоти Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳайвонҳои нодир мукофот дод

Дар натиҷа барои риоя накардани қонунгузорӣ 27 ҳазору 393 пешниҳоди иҷрояшон ҳатмӣ дода шуд, навиштааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Гулмаҳмадзода.

Манбаъ афзуд, барои риоя накардани меъёру стандартҳои экологӣ ва қонунвайронкунӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист нисбат ба 9494 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.

“Илова бар ин,  1132 ҳолати дағалона вайрон кардани меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист  ошкор ва як миллиону 387 ҳазор сомонӣ зарар муайян гардид”, - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ дод, ки мақсади беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 479 маъракаи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд, ки дар он ҳазорҳо сокини ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала