Талаби Раҳмон аз қудратиҳо: "ҳимояи сарҳад бо масъулияти ҷиддӣ ва дар ҷорчӯби Қонун"

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои нав дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сарҳадот талаб кард, ки вазифаҳои хизматиашонро дар доираи Оинномаҳои ҳарбӣ иҷро намоянд

ДУШАНБЕ, 4 февр — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарҳадот, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва зерсохторҳои он ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон Шоҳиёнро барканору Мирзозодаро ба ҷояш таъйин кард

Бино ба гузориши котиботи  раисиҷумҳур, дар ҷараёни сӯҳбат Раҳмон аз вазифагузориҳои дар Паёми Президент оид ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, маориф ва илм, таъмини амнияту субот ёдовар гардида, кадрҳои таъиншударо барои хизмати содиқона ва поквиҷдонона ба халқу Ватани худ даъват намудааст.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон Шоҳиёнро барканору Мирзозодаро ба ҷояш таъйин кард

"Дар назди масъулин барои иҷрои саривақтии дастуру нишондодҳои Паём вазифаҳои мушаххасу мӯҳлатнок гузошт", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин, ба ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ бори дигар таъкид намуданд, ки вазифаҳои хизматиашонро дар доираи Оинномаҳои ҳарбӣ иҷро намуда, дар ҳимояи сарҳади давлатӣ бо масъулияти ҷиддӣ ва дар ҷаҳорчӯбаи Қонун амалӣ намоянд.

"Манфиатҳои давлату миллат ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолият бояд аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ иборат бошад", - гуфтааст Президент.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала