"Рейд"-и 12 ронандаи "крутой" бо мошинҳои сиёҳшиша дар Душанбе - Видео

CC0 / Pixabay / Тонированное стекло у машины, архивное фото
Тонированное стекло у машины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони БДА дар Душанбе дар рафти як амалиёт 12 ронандаро бо мошини сиёҳшиша ошкор кардаанд. ВКД менависад, аксари онҳо соҳиби мошини гаронарзиш ё ба қавле "крутой" мебошад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе аз ошкорёбии якчанд далели ғайриқонунӣ сиёҳ кардани ойинаи воситаҳои нақлиёти гаронарзиш гузориш додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони БДА дар пойтахт,  дар рафти як амалиёт, 12 ронандаро бо худравҳои "крутой"-ро дастгир кардаанд, ки оинаҳои мошинашонро бидуни иҷозатнома сиёҳ кардаанд.

"Кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати пешгирии ин ва дигар намуди қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ пайваста дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди пойтахт чорабиниҳои мақсаднок ва рейду амалиётҳои профидактикӣ доир мекунанд", - менависад дафтари матбуотӣ раёсат.

© Раёсати ВКД дар ДушанбеҶаримаи ронандагони худравҳои оинаашон сиёҳшиша дар Душанбе
Рейд-и 12 ронандаи крутой бо мошинҳои сиёҳшиша дар Душанбе - Видео - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаримаи ронандагони худравҳои оинаашон сиёҳшиша дар Душанбе

Гуфта мешавад, дар натиҷаи баргузории як амалиёт якчанд далели бе иҷозатнома сиёҳ кардани ойинаҳои воситаҳои нақлиёт ошкор карда шуд.

"Чуноне дар рафти амалиёт ошкор гардид аксар он нафароне, ки ба чунин қонуншиканӣ роҳ додаанд, соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш ё ба қавле "крутой" мебошанд. Нисбати соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт бо моддаи 330 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба мақомоти ваколатдор ирсол карда шуданд", - навиштааст манбаъ.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди Рустам Эмомалӣ ба Ҳукумат: истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар нақлиёт манъ шавад

РВКД меафзояд, нисбати Абдураҳмон Заминалӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-ровер; Раҷабов Юсуфҷон, ронандаи Ренҷ-ровер; Хоҷаева Шаҳноза, ронандаи Тайота-Кемри; Нуров Фирӯз, ронандаи  Тайота-Кемри; Муборакшоев Сино, ронандаи Тайота-Прадо; Исмоилов Ҳоҷибой, ронандаи  Тайота-Кемри; Абдураҳмонов Саидбек, ронандаи  Тайта-Кемри; Анзейн Георес, ронандаи Тайота рав-4; Табаров Фирӯз, ронандаи  Ласети, Расулов Абубакр Шамсович, ронандаи  БМВ; Одинаев Сайхуҷа ронандаи  Тайота-Каролла; Азимов Баракатулло, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Прадо ҷарима муайян гардид.

Манбаъ аксу навори ронандагонро мунташир кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала