Ҳушдори Нуралиев аз “Золотая корона”: дар як рӯз метавонист, вазъро муташанниҷ кунад

© Национальный банк РТПервый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото
Первый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муовини аввали раиси Бонки миллӣ гуфт, "Золотая корона" бо дар ихтиёр доштани ҳаҷми зиёди интиқоли пул ба Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро дошт, ки дар як рӯз вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии кишварро муташанниҷ кунад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ба ҷумҳурӣ дар як рӯз аз 250 то 300 миллион рубл маблағ интиқол мешавад ва дар даст доштани 82 дарсади бозори интиқоли пул аз сӯи низоми “Золотая корона” барои кишвар хатари ҷидди дорад.

Денежные переводы с помощью Золотой Короны - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи нави қатъи фаъолияти “Золотая корона”: вай дар рӯйхати Бонки марказии Русия нест

“Худо накарда ягон нуқси техникиӣ мешуд, тамоми низоми бонкии кишвар зарар медид”, - гуфт ӯ.

Муовини аввали раиси Бонки миллӣ, ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ афзуд, ки маблағ барои афроде, ки дар Данғара моҳи июли соли 2018 даст ба куштори сайёҳон заданд, тариқи "Золотая корона" ба Тоҷикистон интиқол шуда буд.

Бонки миллӣ: "Золотая корона", "ЮНИСТРИМ" ва CONTACT иҷозатномаи фаъолият гирифтанд

“Ба панҷ нафаре, ки дар Данғара амалиёти террористӣ анҷом доданд, ва дар натиҷаи он панҷ сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокатт расид, тариқи низоми интиқоли пули “Золотая корона” маблағ фиристода шуда буд”, гуфт Нуралиев.

Муовини аввали раиси БМТ таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир “Золотая корона” пура ба талабот ҷавобгӯ нест.

Вай гуфт, ба хотире, ки ҳаҷми интиқолаш зиёд буд назорати маблағҳои интиқолдодашуда низ хуб ба роҳ монда нашуда буд.

Ресепшн нового филиала Амонатбанка  - Sputnik Тоҷикистон
БМТ ба шаҳрвандон: маблағи тавассути “Золотая корона” интиқолдодаро аз "Амонатбонк" гиред

Инчунин, Нуралиев таъкид дошт, ки бархе аз ташкилотҳои қарзии кишвар аз ин низоми интиқоли пул, ки дар бозор аз монополияи худ истифода мекардааст,  шикоят мебурданд, ки ин низом ба онҳо фишор меорад.

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев, мақсади асосии “Золотая корона” ғасб кардани низоми пардохти Тоҷикистон аст. 

Ҳамзамон Нуралиев фаъол шудани Маркази миллии протссесинги "яке аз ислоҳоти бузургтарини таърихии ҳукумат" донист ва гуфт то фаъол шудани маркази мазкур, ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ба таври зарурӣ ҳимоя намешуданд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Раиси “Амонатбонк” зимни як нишасти матбуоти дар шаҳри Душанбе гуфт, фаъолияти низоми интиқоли маблағи “Золотая корона” ба хотири дар ягон рӯйхати Бонки марказии Русия набуданаш, аз бозори интиқоли маблағ дар ҳудуди Тоҷикистон қатъ карда шуд.

Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шубҳа аз “Золотая корона”: сӯҳбати ихтисосӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон – қисмати дуввум

Ба гуфтаи Сироҷиддин Икроми раиси раёсати “Амонатбонк”, низоми интиқоли пули “Золотая корона” новобаста аз он ки 80 дарсади бозори интиқоли маблағро дар ҷумҳурӣ ба дасти худ гирифта буд, камбудӣ дошт.

“Маблағи калон дорад, аммо бонк шудан намехоҳад. Агар ба Бонк табдил ёбад, талаботҳо дигар мешавад. “Золотая корона” бояд худро ба ташкилоти қарзӣ табдил медод ва танҳо пас аз ин вай аз ҷониби Бонки марказии Русия танзим мешуд. Ҳамин чиз набуд”, - таъкид дошт Икромӣ.

Ҳамзамон Сироҷиддин Икромӣ қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир низоми интиқоли пули “Золотая корона” кушиш дорад шакли хоҷагидорииашро иваз намояд ва ба ягон ташҳкилоти қарзӣ ё банк табдил ёбад. Пас аз табдил ёфтанаш метавонад фаъолияти худро дар Тоҷикистон идома диҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала