Борон ва барф: пешбинии обуҳавошиносон барои имрӯз

© © Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, барфи суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  7-12 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 22-27 ва рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони суст меборад.  Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва барф дар назар аст.  Туман  мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб  бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук  ва   рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои водигӣ борони суст меборад. Дар  ноҳияҳои доманакӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар буда,  туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок мешавад. Дар  баъзе ноҳияҳои водигӣ борони суст борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва барф ба амал меояд.  Туман  мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  4-9 дараҷа хунук ва  рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 1+3 ва  рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

 

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0