Боздошти се мард бо 53 адад "Ёқути сурх" дар Душанбе

© Sputnik / Владимир Минкевич / Гузариш ба медиабонкДрагоценные камни, архивное фото
Драгоценные камни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Номбурдагон, ба интиқол ва хариду фурӯши сангҳои қимматбаҳо машғул шуда, аз онҳо 53-адад сангҳои қимматбаҳои табиӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти се мард дар шаҳри Душанбе гузориш медиҳад. Бино бар иттилои манбаъ, онҳо ба қочоқи сангҳои қимматбаҳо машғул буданд.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе мардони 30, 32 ва 59-солаи сокинони ноҳияи Ванҷ ва шаҳри Хоруғ, бо гумони бастани аҳди ғайриқонунӣ бо металлҳои қимматбаҳо ё сангҳои қимматбаҳои табиӣ дастгир карда шуданд", - менависад манбаъ.
Драгоценные камни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти ду мард бо 223 санги Лаъл, Ёқут ва Зумрад

Номбурдагон, ба интиқол ва хариду фурӯши сангҳои қимматбаҳо машғул шуда, аз онҳо 53-адад сангҳои қимматбаҳои табиӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

"Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои гирифташуда, “Ёқути сурх” буда, вазнашон 47,76-граммро ташкил медиҳад", - афзудааст ВКД Тоҷикистон.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0