Поймоли ҳуқуқи муаллифу фиттаҳои сесомона: Шоҳиён дар бораи филмҳои тоҷикӣ

© Фото : Из личного архива Мохпайкар ЁровойТаджикская актриса Мохпайкар Ёрова, архивное фото
Таджикская актриса Мохпайкар Ёрова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мудири "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён далели рушд накардани кинои тоҷикиро дар поймол гаштани ҳуқуқи муаллиф медонад

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Шоҳиён мудири нави муассисаи "Тоҷикфилм" далели пеш нарафтани филми тоҷикиро бозгуфт.

Ӯ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои рушд накардани кинои тоҷик поймоли ҳуқуқӣ муаллиф аст, ки дар натиҷа ӯро муфлис мекунад.

Дар Душанбе филми “12 соли интизорӣ” намоиш дода мешавад

"Ягона сабаби рушд наёфтани соҳаи кинои тоҷик- ин поймол намудани ҳуқуқҳои муаллиф ва баъдан ба фурӯш баровардани филмҳои тоҷикӣ дар фиттаҳо (диксҳо) бо роҳҳои ғайриқонунӣ мебошад, ки ҳамагӣ бо нархи 3 сомонӣ дар дӯконҳои фиттафурӯши мушоҳида мешаванд", - гуфт вай.

Ин дар ҳолест, ки муаллиф ва ҳайати эҷодии филм хароҷоти зиёд масраф мекунанду дар ниҳояти кор рӯ ба муфлисшавӣ меорад, ки ин ҳолат ғайри қобили қабул аст, афзуд Шоҳиён.

Ҳамчунин мудири "Тоҷикфилм" иттилоъ дод, ки баҳри баргузории Фестивали филмҳои тоҷикӣ дар ҳамкориву шарикӣ бо Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии "Бохтар" бо таъсиси ҷоизаи миллии "Лолаи тиллоӣ" Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расид.

Кинопроектор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Тоҷикфилм" аз филми муштарак бо Қосимова даст кашид: 350 000 доллар талаб мекунанд

Тибқи он аз 25 ноябр то 1 декабри соли 2019 Фестивали филмҳои тоҷикӣ дар сатҳи баланд доир гардид. Ду филми кӯтоҳи офаридаи аҳли эҷоди Муассиса "Дуғоб" ва "Аз баландии парвоз" дар ин фестивал соҳиби ҷоизаи миллии "Лолаи тиллоӣ" гардид.

Зикр гардид, ки барои таҳияву наворбардории филми мустанад бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон омодагиву омӯзиш идома дорад.

Тасмими имзои Ёддошти тафоҳум миёни “Тоҷикфилм” ва “Узбаккино”

Ҳамзамон моҳи июни соли сипаришуда бо кинематографистони Ҷумҳурии Мардумии Чин  Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар доираи татбиқи он  ҳамкорию равобити манфиатноки Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" бо Раёсати давлатии кинематографияи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳкиму густариш меёбад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала