Нигаронии Вазорати адлия аз пошхӯрии оилаҳо: 12 ҳазору 482 ҳолат дар як сол

© © SputnikМолодая пара выясняет отношения
Молодая пара выясняет отношения - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нигаронӣ аз ҷудошавии оилаҳо дар кишвар мегӯянд, пошхӯрии оилаҳо дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 афзудааст

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад вазири адлияи Тоҷикистон, имрӯз 7 феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, давоми як соли гузашта  12 ҳазору 482 оила аз ҳам пошидааст. Ин рақам дар қиёс ба ду соли гузашта 1 ҳазору 469 ҳолат зиёд будааст.

Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии раиси вилояти Хатлон аз ҷудошавии оилаҳо

Ашуриён Музаффар бо нигаронӣ аз ин рақамҳои гуфт, масъалаи ҷудошавии оилаҳо дар ҳақиқат хело ташвишовар аст.

Номбурда гуфт, бо роҳи сахт кардани ҷазо дар гумон аст пеши роҳи азҳампошии оилаҳо гирифта шавад ва ин хуб ҳам нест.

Ӯ пешниҳод кард, ки корҳои тарбиявӣ дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ шавад ва ба ҷавонон муқаддасоти оила, интихоби  ҳамсар ва эҳтироми ҳамдигар фаҳмонида шавад.

Ба иттилои вазорат, соли 2019 дар кишвар 79 ҳазору 70 ақди никоҳ сабт шудааст. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ давоми соли гузашта 233 ҳазоур 323 кӯдак таваллуд шуда, 3 ҳазору 305 нафар фавтидааст.

Лентаи хабарҳо
0