Сомон ва Беҳрӯз ба даври сеюми мусобиқаи "Paris Grand Slam 2020" роҳ ёфтанд

© Международная федерация дзюдоТаджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления
Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода, имрӯз дар мусобиқаи "Paris Grand Slam 2020" тавонистанд рақибони худро мағлуб ва ба даври сеюми рақобат роҳ ёбанд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Имрӯз дар рӯзи якуми мусобиқаи бузурги "Paris Grand Slam 2020" ду ҷудочӣ - Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 73 кг Тоҷикистонро  намояндагӣ намуданд.

Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон
Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Порис муайян ва имрӯз вориди майдони рақобат мешаванд

Ба иттилои сомонаи Варзиш, Беҳрӯз дар даври аввал озод буда, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили ҷудочии кишвари Самоа – Таи Тин Виллиам бо пирӯзӣ оғоз кард. Акнун дар даври сеюм Хоҷазода бо варзишгари мизбон – Тео Рикуин рӯи татамӣ мебарояд.

Суолуҷавоб ва қадрдонии Беҳрӯз Хоҷазода бо 50 ҳазор сомонӣ

Ҳамзамон, Сомон Маҳмадбеков низ дар даври аввал ҷудочии кишвари Португалия – Хорхе Фернандесро дучори шикаст намуд. Барои роҳ ёфтан ба даври сеюми мусобиқаи мазкур Сомон аз сари роҳаш намояндаи кишвари Белгия – Ван Тихел Дикро дур кард. Ҳамин тавр Маҳмадбеков дар даври сеюм бо гӯштингири Черногория – Никола Гардасевич дидор анҷом медиҳад.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар "Paris Grand Slam 2020" беш аз 800 нафар варзишгарон аз 122 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.

Ширкати 5 паҳлавони тоҷик дар сабқати номии "Paris Grand Slam 2020"

Бояд зикр кард, ки ширкаткунандагони "Paris Grand Slam 2020", инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Гӯштигирони тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.

Лентаи хабарҳо
0