Таҳлили Убайдуллоев дар бораи фасодкории мансабдорон: ин ҳузновар аст

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан / Гузариш ба медиабонкПредседатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи фасодкориро дар кишвар таҳлил кардааст ва ҳузновараш он аст, ки дар ин кор мансабдорони давлатӣ даст доранд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар масъалаи коррупсия Тоҷикистон дар миёни 180 давлат мавқеи 153-умро ишғол кардаастд, ки басо ҳузновар аст, изҳор дошт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Кистанд 58 ҷавоне, ки бори нахуст ба мақоми судя таъйин шуданд?

“Аз таҳлиле, ки ман анҷом додам, аз 607 нафар маҳкумшуда 253 нафари онҳо намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла судяҳо, кормандони мақомоти судӣ, корҳои дохилӣ ва ғайра мебошанд”, - иттилоъ додаст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Убайдуллоев.

Раиси Маҷлиси миллӣ дар хитоб ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки чорабиниҳо барои решакан кардани коррупсияро тақвият диҳад.

Додситони кул розигияшро бо Убайдуллоев баён карда, эътироф намуд, ки дар ҳақиқат, коррупсия проблемаи хеле ҷиддии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Донандаи 3 забон ва падари 5 фарзанд: Юсуф Раҳмон кист?

“Назари ман дар ин масъала чунин аст, ки пеш аз ҳама, масъулияти роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ аз болои кормандон пурзӯр карда шавад”, - гуфт додситони кул.

Дар посух ба назари Раҳмон, Убайдуллоев изҳор дошт, ки ин дуруст, вале мубориза бо коррупсия ин вазифаи мову шумо низ ҳаст.

Раиси Маҷлиси миллӣ таҳлили ин масъаларо муҳим ва зарур хонд.

"Бояд дар ин хусус барномаи мушаххаси амал дошта бошем ва вақте ки ҳар як шахс ба он шинос мешавад, бигӯяд, ки ин барнома барои ман ва аз они ман аст. Ба он ҳамфикрам ва аз рӯи он амал мекунам", - гуфт Убайдуллоев.

Лентаи хабарҳо
0