Худоёрзода ба Смагулов шаҳодатномаҳои мушоҳиди байналмилалӣ супорид

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Бахтиёр Худоёрзода ба Агибай Смагулов ва Олег Кулеба шаҳодатномаҳои мушоҳиди байналмилалиро супорид.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода  бо раҳбари мушоҳидони ИДМ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Агибай Смагулов дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", мулоқот дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони президент, ба 1 марти соли 2020 таъйин гардидааст, доир карда шудааст.

Гражданам Таджикистана в Москве напомнили о предстоящих парламентских выборах - Sputnik Тоҷикистон
Интихобот дар Маскав: ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи интихобот гуфтанд

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо оид ба омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳои ба қонунгузории интихоботӣ воридгардида, ҳамкории мутақобилаи КМИР ва ифтитоҳи Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ бо роҳбари миссияи мушоҳидони ИДМ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи   ин созмон Агибай Смагулов ва мушовири КИ ИДМ Олег Кулеба табодули назар кардаанд.

Худоёрзода оид ба чорабиниҳои омодагӣ ба интихобот, ки аз ҷониби Комиссия бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани интихоботи вакилони халқи дарпешистода амалӣ гардиданд, маълумот додааст.

Ӯ афзуд, ки имрӯз Комиссия дар доираи талаботи қонунгузории интихобот ва дар асоси Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ба тамоми иштирокчиёни раванди интихобот шароити баробар муҳайё намудааст.

Дар хотимаи ҷаласа Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Бахтиёр Худоёрзода ба Агибай Смагулов ва Олег Кулеба шаҳодатномаҳои мушоҳиди байналмилалиро супорид.

Лентаи хабарҳо
0