Носфурӯшӣ мамнӯъ: кашфи 400 кило нос дар автобуси масири Тоҷикистон-Русия

© SputnikНасвай. Архивное фото
Насвай. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти марзбонии Русия хабар доданд, ки аз вуруди 400 кило нос тариқи мусофирбари хатсайри Тоҷикистон - Русия ҷилавгирӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Раёсати марзбонии вилоятҳои Кургану Тюмен иттилоъ доданд, ки дар ҳамкорӣ бо масъулини Роспотребнадзор дар марз бо Қазоқистон ҳаҷми зиёди носро ошкору мусодира кардаанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаи Эмомалӣ Раҳмон барои мубориза бар зидди тамокукашӣ

Хадамоти матбуоти мақомоти марзбонии минтақа, тавзеҳ додааст, ки маводи сабзчатоби сиёҳ 9 феврал дар гузаргоҳи сарҳадии Петухова дар автобусе ошкор карда шуд, ки аз Тоҷикистон ба Сургут ҳаракат дошт.

“Маводи мамнуъ дар ҳаҷми умумии 400 кило дар 13 бордон ва 1 халтаи полиэтиленӣ пайдо карда шуд. Бори мазкур ба шаҳрванди Русия тааллуқ дошт”, - омадааст дар иттилоияи мақомоти марзбонӣ.

Рӯсиёҳи дунёву охират: посухи Шӯрои уламо ба саволи Сорбон

Манбаъ афзуд, ки нос мусодира гардида, нобуд карда хоҳад шуд. Мақомоти Русия таъкид кардаанд, ки дар қаламрави кишвар аз соли 2013 инҷониб харидуфурӯши нос мамнуъ мебошад.

Қаблан ҳудуди 50 кило нос аз шаҳрванди Қирғизистон мусодира шуда буд, ки аз Бишкек ба Сургут омада буд.

Лентаи хабарҳо
0