Матни комили "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ барои нахустин бор ба забони фаронсавӣ тарҷума шуд

© Информационный портал РСО-АланияПамятник автору эпической поэмы "Шахнаме" торжественно открыли в СОГУ
Памятник автору эпической поэмы Шахнаме торжественно открыли в СОГУ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин бор матни комили "Шоҳнома"-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бо тарҷумаи Пиер Локок Эроншиноси белгияӣ ва устоди донишгоҳи Сорбон аз сӯи интишороти Бел Летр дар Фаронса мунташир шуд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Интишороти муътабари Бел Летр дар Фаронса ахиран тарҷумаи комили"Шоҳнома"-и ҳаким Фирдавсиро, ки бо тарҷумаи Пиер Локок Эроншиноси белгияӣ ва бо муқаддамаи доктор Ниҳоли Таҷаддуд нависанда ва пажуҳишгари эронӣ мунташир ва равонаи бозор кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шоири тоҷик дар пайравии достони  “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ “Шоҳнома” навиштаст

Бино бар иттилои манбаъ, Пиер Локок дар тарҷумаи "Шоҳнома" тасҳиҳи доктор Саиди Нафисиро дар назар доштааст.

Нуктаи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар ин асар ин аст, ки ба баҳри мутақориб ва ҳамвазн ва ҳамонанди худи "Шоҳнома" тарҷума шуда ва қофияҳо низ то ҳадди имкон риоят шудааст.

"Шоҳнома"-и Фирдавсӣ аз муҳимтарин ва машҳуртарин манзумаҳои ҳамосии ҷаҳон аст, ки то кунун ба забонҳои мухталифе дар дунё тарҷума ва мунташир шудааст.

Нахустин касе, ки дар Аврупо бахше аз Шоҳномаро ба забони фаронсавӣ тарҷума кард Луи Ланглес нависанда ва Ховаршиноси фаронсавӣ буд.

Баъдҳо низ Жул Мул аз тарафи давлати Фаронса маъмурият ёфт то кулли "Шоҳнома"-ро аз забони форсӣ ба Фаронса баргардонад, ки 40 сол аз умри худро сарфи ин кор кард вале умраш барои такмили ин кор кафоф надод.

Пас аз ӯ низ Жилберт Лазар гучине аз достонҳои "Шоҳнома"-ро аз рӯи тарҷумаи Жул Мул иқтибос ва бознависӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0