Вақте Ҷаноби Олӣ 32 сол дошт: қиссаи ректори Академия

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон. Архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дастпарвари Академия будааст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ба гуфти ӯ қобилияти ташкилотчигӣ ва сарварию раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз овони ҷавонияш аён буд.

"Ҷаноби Олӣ низ дастпарвари Академия мо - курсҳои такмили ихтисоси мактаби олии партиявӣ, мебошад. Соли 1984 ӯ дар курсҳои такмили ихтисос ширкат карду ҳамон шабу рӯз сарварии курсро ба уҳда гирифт".

Ғафурзода ёдрас шуд, ки он замон на ҳар касро ба курсҳои такмили ихтисос даъват мекарданд.

"Ҳанӯз дар синни ҷавонӣ, ки он замон Ҷаноби Олӣ 32 сол дошт, аллакай роҳбарии гурӯҳро ба зимма гирифтанд, аллакай қобилияти ташкилотчигӣ сарварӣ ва роҳбарӣ доштанд. Он солҳо ҳар касро ба мактаби олии партиявӣ сафарбар намекарданд ва ҳар кас наметавонист роҳбари гурӯҳ шавад".

Ректор қайд кард, ки аз хотираҳои он рӯзҳо аксеро дар нишасте ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим карданд.

"Ҷаноби Олӣ аз акс раҳбаронро ҳатто номбар кард. Ин қадар хотираи қавӣ доранд", - ситоиш кард Абдухалил Ғафурзода.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара фаъолият кард.

Лентаи хабарҳо
0