Зебо, вале номаълум: Тоҷикистон дар феҳрасти нави кишварҳои гардишгарӣ

Коршиносони соҳаи гардишгарӣ феҳристи 10 кишвари бисёр зебо, вале номаълумро гирд овардаанд, ки бар он Тоҷикистон низ шомил аст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Нашрияи Travel and Leisure феҳрасти самтҳои гардишгарии номаълумро тартиб додааст.

Несколько врачей в карантинной зоне Пекинской больницы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумита ба ширкатҳои сайёҳӣ: аз ташкили саёҳати шаҳрвандон ба Чин худдорӣ намоед

Нашрия феҳристро дар натиҷаи таҳлили маводи ширкати гардишгарии Intrepid Travel гирд овардааст. Коршиносони соҳаи сайёҳӣ рӯйхати солонаи маконҳои номаълум ва камтар боздидшавандаро тартиб додаанд, то сайёҳоне, ки бехабаранд, огоҳ шаванд.

"Тоҷикистон дар омӯхтани Роҳи абрешим муҳим аст ва яке аз хусусиятҳои беҳтарини ин кишвар, нигоҳ доштани лиқои пештарааш аст, ки ба сайёҳон имконияти пайдо кардани чизеро медиҳад, ки мекофтанд", - навиштаанд рӯзноманигорони нашрия.

 

 

Ба рӯйхати мазкур водиҳои регзори назадикии Саҳрои Кабир дар Марокаш ворид шуданд. Бо сабабҳои номаълум, ҷазираи калонтаирни дунё Гренландия низ аз диққати сайёҳон дур мондааст.

Ба Гамдия, кишвари африқоӣ низ нисбат ба дигар кишварҳои ин митнтақа гардишгарон кам сафар мекардаанд. Молдова, Камбоҷа, Судон ва Индонезия низ дар феҳристи мазкур қарор доранлд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала