"Мадагаскар" ва "Аловиддин" дар Хоруғ баста шуданд

© NakibMurodovВо дворе нового детского сада в Согдийской области
Во дворе нового детского сада в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳарду марказ дар ошёнҳои баланд ҷойгиранд, ки ин хилофи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор мебошад. Дар ҳоле ки фаъолияти чунин марказҳо болотар аз ошёнаи дуюм қатъиян манъ шудааст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Фаъолияти ду маркази дилхушии шаҳри Хоруғ — "Аловиддин" ва "Мадагаскар" барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор боздошта шуд, гузориш медиҳад "Ховар".

Нозирони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъияти риояи бехатарии сӯхтор дар марказҳои дилхушӣ ва бозори марказии шаҳри Хоруғро мавриди санҷиш қарор дода, камбудиҳои ҷиддиро ошкор ва фаъолияти баъзе аз ин муассисаҳоро муваққатан қатъ намуданд.

"Сардори раёсати мазкур Анвар Шолангаров иброз дошт, ки "ду маркази дилхушии шаҳр — "Аловиддин" ва "Мадагаскар" соли гузашта бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор як ҳафта аз фаъолият боздошта шуданд. Роҳбарияти ин марказҳо бо ирсоли як нома хоҳиш намуданд, ки ба идомаи фаъолияташон иҷозат диҳанд ва онҳо дар навбати худ давоми як моҳ кулли камбудиҳоро ислоҳ мекунанд. Аммо бо гузашти қариб як сол масъулини марказҳои дилхушӣ камбудиҳоро бартараф накардаанд", - менависад манбаъ.
Стоматологический кабинет - Sputnik Тоҷикистон
Баста шудани панҷ ҳуҷраи дандонпизишкӣ дар Бохтар ва ҷазои мудир

Шоангаров афзудааст, "ҳарду марказ дар ошёнҳои баланд ҷойгиранд, ки ин хилофи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор мебошад. Дар ҳоле ки фаъолияти чунин марказҳо болотар аз ошёнаи дуюм қатъиян манъ шудааст. Илова бар ин ҳарду марказ баромадгоҳи эҳтиётӣ надоранд ва дар сурати сар задани ягон ҳодисаи нохуш наҷот додани кӯдакон мушкил хоҳад шуд".

Бинобар ин мо фаъолияти ҳарду марказро то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта қатъ намудем».

Ба иттилои номбурда, инфрасохтори бозори марказии шаҳри Хоруғ низ ба талаботи бехатарӣ аз сӯхтор комилан ҷавобгӯ нест. Соҳибкорони маҳаллӣ дар сари роҳҳои мошингузар аз селофану дигар маводи пластикӣ дӯконҳои худсохт  “бунёд” карда, ба ҳаракати мошинҳои махсус монеа эҷод мекунанд.

Аз талбандагӣ то дилхушӣ дар марказҳои букмекерӣ: ВКД 54 навраси оварагардро ошкор кард

"Дар рӯзи санҷиш мошини сӯхторхомӯшкунӣ ба макони ҳодисаи эҳтимолии сӯхтор баъди 15 дақиқа расид. Дар ҳоле ки масофа байни роҳи марказии мошингард ва ҷои ҳодисаи эҳтимолии сӯхтор ҳамагӣ 40 метрро ташкил дод ва мошини сӯхторхомӯшкунӣ ин масофаро бояд дар зарфи ҳамагӣ як дақиқа тай мекард", - таъкид кардааст манбаъ.

Мутобиқи иттилои раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ,  давоми як сол дар ҳудуди вилоят 17 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, бар асари он  иқтисоди вилоят 210 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.

 

Лентаи хабарҳо
0