Боздошти Ҷалилов барои фурӯши шиносномаҳои қалбакӣ ба ихроҷшудаҳо аз Русия-видео

© Sputnik Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото
Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Алӣ Ҷалилов, сокини 38-солаи кӯчаи Янгибозори шаҳри Ваҳдат хабар дод, ки дар фурӯши шиносномаҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ихроҷшуда аз Русия муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Алӣ Ҷалилов дар гузориши видеоии ВУД мегӯяд, як шиносномаро ба номи худаш карда буд, чун дар феҳрасти афроди мамнуъ-ул-вуруди Русия қарор надорад.

ВУД иттилоъ додааст, Ҷалилов ба ивази 13 ҳазор сомонӣ 2 шиносномаро тариқи шиносаш дар Русия омода кардааст. Худи муттаҳам дар гузориш мегӯяд, аз ду корафтода дар маҷмуъ 12 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Дар гузориш омадааст, ки Ҷалилов ба як нафар шиносномаро бо ному насаби худ - Ҷалилов Алӣ ва барои дигаре бо номи Чориев Ҳамза бо аксҳои ҷабрдидагон омода намуда, додааст.

ВУД бо таъкиди тақаллубӣ будани шиносномаҳо изҳор доштааст, ки феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0