Филми Диловар Султонӣ пас аз сафар ба Фаронсаву Бангладеш озими Сочӣ мешавад

Филми коргардони тоҷик Диловар Султонӣ дар Кинофестивали ҷаҳонии Сочӣ, ки аз 14 то 16 - уми феврал баргузор мегардад, намоиш дода мешавад

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Интизор меравад, филми кӯтоҳмуддати "Бункер" дар Кинофестивали ҷаҳонии Сочӣ намоиш дода шавад. Ин филм маҳсули дасти коргардони ҷавони тоҷик Диловар Султонӣ мебошад. 

Показ таджикских фильмов в Третьяковской галерее - Sputnik Тоҷикистон
Даъвати "Бункер" якбора ба се ҷашнвора

Кинофестивали ҷаҳонии Сочӣ, ки аз зумраи беҳтарин фестивалҳои кино дар Русия ба ҳисоб меравад, аз 14 то 16 - уми феврал баргузор мегардад.

Қобили зикр аст, ки филми кӯтоҳмуддати  "Бункер" қаблан дар Фестивали ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳи Экс-ан-Прованс (Festival International de courts métrages Aix-en-Provence)-и Фаронса  ва Фестивали  ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил (International short & independent film festival (ISIFF)- и давтали Бангладеш  иштирок намуда буд.

"Бункер" - сафари як филми тоҷикӣ аз Фаронса ба Бангладеш

Муаллифи филмнома ва коргардон Диловар Султонӣ, оҳангсоз Далер Назаров, рассом Далер Меҳтоҷов ва наворбардори он Акмал Восидӣ мебошанд.

Филми "Бункер" дар жанри драма таҳия шуда, дар он Исфандиёр Ғуломов, Муҳсин Султонӣ, Азам Қараев, Манучеҳр Розиқов ва Самир Зайдуллоев нақш офаридаанд.

Ҳаҷми филм 26 дақиқа буда, дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" соли 2019 рӯи навор омадааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала