Наврӯзи пуршукӯҳ: дар Душанбе омодагӣ ба таҷлили ҷашн оғоз шуд

Раиси шаҳр масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкур вазифадор намуд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2020  тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  ба имзо расид.

Праздник дыни в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, "Наврӯз" - и соли 2020 дар куҷо ва чигуна таҷлил мешавад

Иқдоми  мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангиву бадеӣ таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз  дар шаҳри Душанбе ва бо ин восита ба   худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ҳидоят намудани аҳли ҷомеа роҳандозӣ мегардад, менависад "Ховар".

Раиси шаҳр   масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо  баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкур вазифадор намуд.

 21 марти соли 2019 бо иштироки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала