Аз бонк то парлумон: раиси ноҳия ва собиқ бонкдор номзадиашро ба вакилӣ пешбарӣ кард

Раиси ноҳияи Данғара, ки қаблан дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар филиалҳои “Ориёнбонк” ва “Амонатбонк” фаъолият карда буд, номзадиашро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара пешбарӣ кард

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Раҳмон Исломуддин номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара аз ҳавзаи интихоботии №1 пешбарӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Гражданам Таджикистана в Москве напомнили о предстоящих парламентских выборах - Sputnik Тоҷикистон
Интихобот дар Маскав: ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи интихобот гуфтанд

Бино бар иттилои манбаъ, Раҳмон Исломуддин Хайриддин 6 январи соли 1983 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.

Вай солҳои 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2013 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Русияро бо ихтисоси менеҷер хатм кардаасат.

Раҳмон Исломуддин, фаъолияти кориашро солҳои 2002-2004 ҳамчун мутахассиси дараҷаи 2 оиди сармоягузориҳои шуъбаи кишварҳои Аврупо ва Амрикои Идораи сармоягузориҳои хориҷӣ ва институтҳои молиявии байналхалқии Бонки миллии Тоҷикистон оғоз карда, минбаъд то соли 2015 дар мансаби хазиначии калон – назоратчии шуъбаи амалиётҳои хазинавии Идораи амалиёти Департаменти фаъолияти иқтисодии амалиётӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, сардори идораи муомилоти пулӣ, директори филиали ҶСК “Ориёнбонк” дар ноҳияи И. Сомонӣ,  директори филиали “Ориёнбонк” дар ноҳияи И. Сомонӣ ва ба ҳайси муовини раиси “Ориёнбонк” – директори филиали “Ориёнбонк” дар ноҳияи И. Сомонӣ кор кардааст.

Ҳамчунин бино бар иттилои манбаъ, солҳои 2015-2018 дар мансаби муовини раиси раёсати “Амонатбонк” фаъолият намудааст.

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ноябри соли 2018 раиси ноҳияи Данғара таъин шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала