Бо дархости Эрон: Хусрав Нозирӣ бо сафири Эрон мулоқот кард

© ВУХМулоқот бо Сафири Эрон
Мулоқот бо Сафири Эрон - Sputnik Тоҷикистон
Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ мулоқот кардааст. Дар ин дидор бар зарурати иҷрои тавофуқҳое, ки байни ду ҷониб ҳосил шудаанд, таъкид шудааст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар Душанбе бино ба дархости ҷониби эронӣ мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо сафири Эрон дар  Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор шудааст.

Бино ба гузориши Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин дидор бо дархости ҷониби эронӣ рӯзи 14 феврал, сурат гирифтааст.

Дар он мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шудааст.

Дар ин мулоқот бар зарурати иҷрои тавофуқҳое, ки қаблан байни ду ҷониб ҳосил шудаанд, таъкид шудааст.

Ин дар ин ҳолест, ки рӯзе пеш аз ин дидор, сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ноиби раиси Ҷумҳурӣ, раиси Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон Ашрафи Бруҷердӣ дидору мулоқот карда буд.

Катар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дидори Хусрав Нозирӣ бо вазири тиҷорат ва саноати Қатар

Донишмандони тоҷик ба дастнависҳои нодири Эрон дастрасӣ пайдо мекунанд

Он ҷо онибҳо доир ба фароҳам овардани имконоти дастрасии олимону донишмандони ду кишвар ба захоири китобҳои рақамӣ ва дастнависҳои мавҷуда, истифода аз асноди бойгонӣ дар пажӯҳишҳои таърихиву фарҳангӣ ва табодули таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар изҳори назар намудаанд.

Сафирони тозаинтихоб дар Тоҷикистон эътимодномаашонро ба Хусрав Нозирӣ супориданд

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала