Нахустин хатмкунандагони мактаби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Бохтар

© Дафтари матбуоти Донишгоҳи Осиёи МарказӣДиловар Бутабеков, директори Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор ва Ашам Миралиева, хатмкунандаи барномаи забони англисии ММКД
Диловар Бутабеков, директори Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор ва Ашам Миралиева, хатмкунандаи барномаи забони англисии ММКД - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин гуруҳи 160-нафарии хатмкунандагони Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бохтар дар ҳузури намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони Бунёди Оқохон дар кишвар гувоҳномаҳояшонро гирифтанд

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор, ММКД-и Донишгоҳи Осиёи Маркзӣ нахустин маросими хатми таҳсилро дар маркази омӯзишии шаҳри Бохтар баргузор намуд.

Здание центра стратегический исследований ЦСИ - Sputnik Тоҷикистон
Маркази тадқиқоти стратегӣ яке аз беҳтарин маркази таҳлилӣ дар Осиёи Марказӣ дониста шуд

Бештар аз 160 донишҷӯ дарсҳои забони англисии сатҳи гуфтугӯӣ, забони русӣ, банақшагирии тиҷорат, муҳосибот ва Гувоҳномаи байналмилалии корбарии компютер - ICDL-ро бо муваффақият хатм карданд. Маркази омӯзишии шаҳри Бохтар моҳи марти соли 2019 ифтитоҳ шуда, то имрӯз 635 донишомӯзро ба таҳсил фаро гирифтааст.

“ММКД фурсатеро фароҳам кардааст, ки ман метавонам дониши худро дар заминаи тиҷорат ва инчунин эҷоди робита бо дигар соҳибкорон дар вилоят тавсеа диҳам. Дониш аз пояҳои аслии расидан ба муваффақият аст ва чизеро, ки мо дар ММКД омӯхтем ба амалӣ намудани нақшаҳо, расидан ба қуллаҳои нав ва боло бурдани маҳоратҳои касбии мо ба гунаи чашмрас мусоидат мекунад”, - мегӯяд Акмал Акрамшоев, хатмкунандаи дарси Банақшагирии тиҷорат аз ноҳияи Ҷайҳун.

Академик Бободжан Гафуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров дар Бадахшони Афғонистон рӯнамоӣ шуд

Дарсҳои Банақшагирии тиҷорат дар ММКД дар доираи лоиҳаи муштараки  Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Бунёди Оқохон таҳти унвони “Пешрафти Тоҷикистон: Ҳамкорӣ барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ”, баргузор мешаванд. Шурӯъ аз моҳи марти соли 2019 54 донишомӯз дар дарси 150 соатаи ММКД худро сабти ном карда, 46 нафари онҳо ҳангоми маросими хатм соҳиби гувоҳнома гардиданд.

Мактаби маълумот касбӣ ва давомдор ба унвони шарики амалӣ намудани лоиҳаи “Пешрафти Тоҷикистон” ҳадаф гузоштааст, ки 165 ҳазор сокинро мустақиман ва 460 ҳазор бошандаи 16 ноҳияи Тоҷикистон воқеъ дар марз бо Афғонистонро ба таври ғайримустақим дар барномаҳои худ фаро гирад. Лоиҳаи “Пешрафти Тоҷикистон” ҳамкории худро ҷиҳати тақвият додани рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мардону занон ва кӯдакони вилояти Хатлон ва ВМКБ бештар мекунад.

Мулоқоти Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оқохони lV дар Фаронса

ММКД дар доираи ин лоиҳа соҳибкоронро дар заминаи дастрасӣ ба сармоягузорӣ ва хизматрасониҳои техникӣ дастгирӣ мекунад. Ҳадафи мазкур бо густариш додани давраҳои омӯзишии соҳибкорӣ ва соҳибкории иҷтимоии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар 16 ноҳияи марзии ВМКБ ва Хатлон амалӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала