"Навҳаи доркӯб" - и Фирдавс дар Теҳрон шунида шуд

Обуна шудан
Хонандагони форсизабон то кунун Фирдавси Аъзамро ба унвони шоир мешинохтанд, акнун аз тариқи достонҳои ӯ бо андеша ва афкори вай ошно хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Интишороти "Орван" дар шаҳри Теҳрон нахустин маҷмуъаи достонҳои ин шоири тозабаёнро бо номи "Навҳаи доркӯб" бо хати форсӣ мунташир кард.

Дар китоби аввалини нависандаи ҷавон Фирдавси Аъзам 6 достони ӯ – "Сафар", "Тоблу", "Ҷудоӣ", "Рақси кабӯтар", "Навҳаи доркӯб" ва "Афсонаи гунҷишкҳо" ҷой дода шудаанд ва дар онҳо нависанда масоили мубрами рӯзгори моро аз манзари як нависандаи умқнигар ва кунҷков ҷӯё шудааст.

© © Faceboob / Фирдавси АъзамОбложка книги "Навхаи доркуб" автора Фирдавса Аъзама
Навҳаи доркӯб - и Фирдавс дар Теҳрон шунида шуд  - Sputnik Тоҷикистон
Обложка книги "Навхаи доркуб" автора Фирдавса Аъзама

Абдуқодири Рустам - нависандаи саршиноси тоҷик, ки ба китоби мазкур пешгуфтор навиштааст, ба дурустӣ таъкид мекунад, ки: "Дар аввалин маҷмуъаи достонҳои кӯтоҳи Фирдавси Аъзам диди шоирона авлавият дорад, чунонки шоир эҳсосоту андешаи худро, ки чун дурахши барқ ҳосили ҷарақаи лаҳзае дар қалбу мағзи ӯст, дар қолиби вожаҳо мутаваққиф мекунад ва зиндагии ҷовидонӣ мебахшад".

Матни пушти ҷилди китоб: Ӯ дар "Сафар" мусибати адиби ростгӯро баён мекунад.

Дар "Рақси кабӯтар" моро бо зани бадбахте ошно месозад, ки дар тасаввурамон ӯ хушбахтарин маликаи замин аст, дар "Ҷудоӣ" мавзӯъи фироқро тарсим менамояд.

Дар "Тоблу" фоҷиаеро ба риштаи тасвир мекашад ва "Навҳаи доркӯб" бонгест, ки моро ҳушдор медиҳад: Ҳой Инсон, суннатро фаромӯш накун.

Аз "Афсонаи гунҷишкҳо" намегӯем, беҳтар аст онро худ бихонед ва бибинед чи дарду андӯҳе аз дили шоир фаварон мезанад.

Лентаи хабарҳо
0