Иштироки 15 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Қаҳрамонии Осиё дар Ҳиндустон

© Sputnik / Владимир Баранов / Гузариш ба медиабонкОИ - 2012. Вольная борьба. Мужчины. Третий день
ОИ - 2012. Вольная борьба. Мужчины. Третий день - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мегардад, 15 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини озод ва юнонӣ-римӣ дар Қаҳрамонии Осиё ширкат мекунанд.

Греко-римская борьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштин ду варзишгар намояндагӣ мекунанд

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ, мусобиқаи мазкур аз  18 то 24 - уми феврал дар шаҳри Деҳлӣ баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 15 варзишгар – ҳафтнафарӣ аз рӯи равияҳои гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, як нафар дар гуштини бонувон намояндагӣ мекунанд.

Ҳайатҳои Тоҷикистон дар ин мусобиқот аз ин қабил аст:

Гуштини юнонӣ-римӣ:  Фирӯз Мирзораҷабов (60кг), Мубинҷон Ахмедов (63кг), Зайниддин Қамаров (67кг), Лоиқ Амирхонзода (72кг),  Муслиҳиддин Уроқов (77кг), Суҳроб Абдулҳаев (87кг), Мирзоамин Сафаров (97кг);

Гуштини озод: Ҳикматулло Воҳидов (57кг), Муҳаммад Икромов (61кг), Ҷамшед Шарифов (65кг), Ғуломҷон Шарифов (74кг), Баҳодур Қодиров (86кг), Искандари Рустам (97кг), Фарҳод Анақулов (125);

Гуштини бонувон: Ватансултон Шакаршоева (53кг)

Қаҳрамонии  Осиё имрӯз – 18 феврал бо қувваозмоиҳо дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ оғоз мегардад. Дар рӯзи аввал беҳтаринҳои категорияҳои вазнии 55кг, 63кг, 77кг, 87кг, 130кг муайян мегарданд. Фардо – 19 феврал варзишгарони вазнашон 60кг, 67кг, 72кг, 82кг, 97кг рӯи гилем мебароянд.

Дзюдокорони тоҷик дар Гран Прии Тел Авив ширкат мекунанд

Ду рӯзи охир варзишгарон дар равияи гуштини озод нерӯ месанҷанд. Ғолибону ҷоизадорон 22 феврал дар вазнҳои 57, 65, 70, 79, 97 кг, 23 феврал дар вазнҳои 61, 74, 86, 92, 125 кг маълум хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0