Наргиси Обёр соҳиби ҷоизаи занони бартар ва муваффақи ҷаҳони Ислом шуд

© AFP 2022 / ATTA KENAREИранская режиссер Наргес Абьяр
Иранская режиссер Наргес Абьяр - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкати расонаии «Hum Network Limited», ҷоизаи занони бартар ва муваффақи ҷаҳони Исломро ба Наргиси Обёр, коргардон ва нависандаи эронӣ эҳдо мекунад.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Наргиси Обёр аз занони романнависи муваффақи ду даҳаи ахири Эрон аст, ки аз як даҳа қабл бо сохти филмҳое бар асоси занони қаҳрамони достонҳояш тавонист ба коргардони саршинос дар синамои Эрон бадал шавад.

Бабина со старой кинопленкой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Филми кӯтоҳи "Дӯғоб" дар Кинофестивали ҷаҳонии Қирғизистон сазовори ҷоиза шуд

Бино бар иттилои хабаргузории “Parstoday” Наргиси Обёр бо филмҳои “Шиёр 143”, “Нафс” ва “Шабе, ки моҳ комил шуд” аз марзҳои синамои Эрон фаротар рафт ва ба ҷоизаҳои мӯътабари байналмилалии бисёре даст ёфт.

Ҷоизаи занони роҳбар тавассути ширкати “Hum Network Limited” тарроҳӣ ва ибдоъ шуда ва аввалин давраи он фардо (сешанбе) бо ҳузури мақомоти кишварии Покистон баргузор хоҳад шуд.

Дар ин маросим аз Наргиси Обёр, коргардони саршиноси эронӣ дар бахши байналмилал ва аз Фавзиё Саид, нависанда ва фаъоли иҷтимоии занон, Симини Ҷамолӣ, раиси JPMC (Jinnah Post Graduate Medical Centre) ва Ҷалило Ҳойдар, вакил ва фаъоли ҳуқуқи башар дар бахши миллии Покистон қадрдонӣ хоҳад шуд.

Ширкати расонаии “Hum Network Limited”, ки аз соли 2004 фаъолияти худро оғоз карда, яке аз бузургтарин маҷмӯаи шабакаҳои телевизионӣ дар ҷануби Осиё аст, ки беш аз 10 шабакаи телевизионии аврупоӣ ва амрикоиро дар ихтиёр дорад.

Лентаи хабарҳо
0