Омодагӣ ба "Ҳаҷ-2020":Муовини сарвазир гуфт, зоиринро ширкатҳои ватанӣ ба зиёрат мебаранд

© NakibMurodovИсматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширин Исматуллозода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, зоирини кишвар имсол низ тавассути ҳавопаймоҳои  ватанӣ ба зиёрати хонаи Худо хоҳанд рафт.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Муовини Сарвазири кишвар ин нуктаро имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатӣ бо иштироки аъзои Комиссия оид ба омодагӣ ба мавсими ҳаҷи соли 2020 изҳор доштааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Паломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Баръакси Тоҷикистон: арзиши сафари Ҳаҷ дар Узбакистон арзон шуд

Ба иттилои манбаъ,муовини сарвазир гуфтааст, Тоҷикистон ба маросими ҳаҷ ҳамчун яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом эҳтиром мегузорад ва ба ин масъала эътибори хоса медиҳад, вале риояи талабот ва ҳикмати он, ки тавассути меъёрҳои шаръӣ муқаррар ва муайян шудаанд, шарт ва зарур аст.

“Ба шарофати соҳибистиқлолӣ барои адои фаризаҳои динӣ, аз ҷумла сафари ҳаҷ ҳамаи шароит муҳайё шудааст ва имсол низ шаҳрвандони кишварамон ба зиёрати ҷойҳои муқаддаси ислом тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ хоҳанд рафт”, — изҳор доштааст Ширин Исматуллозода.

Манбаъ мегӯяд, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадор гардиданд, ки ташкил ва гузаронидани раванди сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Ҳаҷ яке аз фароизи шариати исломӣ буда бо вуҷуди ҳамасола гарон шудани нархи он хосторони сафар ба хонаи Худо бештар мегардад. Тибқи муқаррарот танҳо афроди беш аз 40-солаи кишвар метавонанд ҳаҷ кунанд.

Муҳаммадзода ба ҳоҷиён: ҳангоми ҳаҷ расму оин ва анъанаҳои миллати тоҷикро фаромӯш накунед

Харҷи ҳаҷ соли гузашта барои зоирин кишвар 35 ҳазору 128 сомонӣ, муодили 3700 доллари амрикоӣ муқаррар шуда буд, ки дар муқоиса ба соли 2018 ҳазору ҳаштсад сомонӣ боло рафта буд. Харҷи "Ҳаҷ-2020" ҳоло муаян нагаштааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0