"Аҳамияти ҷаҳонӣ дорад": ВУХ сафари Раҳмонро ба Маскав тасдиқ кард

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон возложил цветы к Могиле Неизвестного Солдата в Москве
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон возложил цветы к Могиле Неизвестного Солдата в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Маскавро расман таъйид кард

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳузурашро дар маросими расмии таҷлил аз 75 - умин солгарди рӯзи Ғалаба бар фашизм дар Федератсияи Русия тасдиқ намудааст.

Дар ин бора вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

"Тоҷикистон иштироки сарвари давлатро дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати 75-солагии Рӯзи Ғалаба тасдиқ кард. Ин ид аҳамияти ҷаҳонӣ дорад", - гуфт вазири корҳои хориҷӣ.

Чанде қабл Владимир Путин, президенти Русия зимни ирсоли як даъватнома ҳамтои тоҷикашро барои ширкат дар маросими таҷлил аз 75 – умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) хонда буд.

Награды ветерана ВОВ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бо даъвати Собянин: се куҳансарбози тоҷик 9 май-ро дар Маскав таҷлил мекунанд

Бино ба иттилои расмӣ, дар ин маросим Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ дар роҳпаймоии тантанавӣ дар Майдони Сурхи пойтахти Русия ширкат хоҳанд кард ва Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 57-долларӣ хоҳад дод.

Раисҷумҳур ба собиқадорони ҷанг дар арафаи 9 май 57-долларӣ медиҳад

9 майи соли равон ба пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар артиши нозии Олмон, ки дар таърих Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабт шудааст, 75 сол пур мешавад. Дар ин ҷанге, ки қариб чор сол идома дошт, беш аз 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ширкат карда, 92 ҳазор нафар барнагаштанд.

Владимир Путин ба таҷлили Рӯзи Ғалаба як қатор сарони кишварҳо, аз ҷумла раисҷумҳури Амрико Доналд Трампро низ даъват кардаааст. Қаблан ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков гуфта буд, ки 17 президент иштирокашонро дар ин чорабинии пуршукӯҳ тасдиқ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0