Духтари Трампро барои пӯшидани ҳиҷоб дар масҷид сарзаниш карданд

© AP / Kamran JebreiliИванка Трамп, дочь и старший советник президента США Дональда Трампа
Иванка Трамп, дочь и старший советник президента США Дональда Трампа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Духтари раисҷумҳури Амрико Иванка Трамп ҳангоми боздид аз масҷиди шайх Зайд куртаи дарози нуқрагун ва рӯйсарӣ ба бар кардааст, ки дар натиҷа "ҷонибдорони баробарҳуқуқии зану мард"-ро озурда намудааст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Духтари раисҷумҳури Амрико Иванка Трамп ҳангоми сафар ба Дубай хашми бархе аз амрикоиҳоро овардааст.

Духтари президент барои иштирок дар ҳамоиши Global Womens Forum Dubai 2020 ва мулоқот бо шоҳзодаи Абу-Дабӣ Муҳаммад ибни Зоид Ал-Наҳайн  ба Дубай рафтааст.

Иванка баъди форум бо шайхи Дубай Зайд  аз масҷид боздид кардааст. Ӯ барои риояи одоби мусалмонон ҳангоми боздид аз масҷид либоси исломӣ ба бар намудааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

The Sheikh Zayed Grand Mosque; a masterpiece of modern Islamic architecture and design. . . 📷: AP

Публикация от Ivanka Trump (@ivankatrump)

Аммо ин либоси духтари президент ба муборизони баробарҳуқуқии зану мард писанд наомадааст. Даъвои онҳо гӯё барои он будааст, ки Иванка худ муборизи баробарҳуқуқисту аммо либоси "ғуломона" ба бар кардааст.

"Иванка, ба ҷаҳони занони озоде, ки бо пӯшидани либоси динӣ худро шомили онҳое мегардонанд, ки мезанандашон, маҳбасашон мекунанд ва мекуҳандашон, хуш омадӣ. Ту монанди ҳамон занҳои қудратманде ҳастӣ, ки ба занони беқудрат хиёнат кардӣ", - навиштааст як корбари Твиттер.

Як зани дигар гуфтааст, ки ҳарчанд, медонад, ки Иванка барои баробарҳуқуқии занион корҳои зиёде анҷом медиҳад, ин амали ӯ ҳатто дар масҷид бошад ҳам, хатогии бузург буд.

Ҳамин тавр корбарони зиёде ӯро сарзаниш кардаанд.

Бояд қайд кард, ки духтари раисҷумҳури Амрико барои либосҳои пӯшидааш зуд-зуд дар сархатти гузоришҳои расонаҳо қарор мегирад.

Ӯ соли гузашта бо либоси ҳарир ки баданаш намудор мешуд, ба Ҷаласаи кулли СММ рафт ва зери дашноми корбарони интернет қарор гирифт.

Лентаи хабарҳо
0