Саломатӣ хоҳонам: барқияи Си Ҷинпин ба Раҳмон баъди зуҳури коронавирус дар Чин

© AP / Mark SchiefelbeinПредседатель Китая Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Пекине
Председатель Китая Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Пекине - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Чин ба президенти Тоҷикистон барқия ирсол карда, аз Эмомалӣ Раҳмон барои мубориза бо вирус изҳори миннатдорӣ кардааст. Дар анҷом ӯ ба раисҷумҳури Тоҷикистон саломатӣ ва ба мардуми кишвар осоиштагӣ таманно кардааст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Имрӯз раиси ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

Дар он Ҷинпин аз кишвардори Тоҷикистон барои дастгириаш дар мубориза бо вируси корона миннатдор гаштааст.

"Муҳтарам Ҷаноби Президент. Ба Шумо барои изҳори дастгирӣ дар раванди муборизаи Чин бо зуҳури эпидемияи илтиҳоби шуш, ки шакли нави коронавирус боиси он гардидааст, изҳори минатдории самимӣ менамоям", изҳор доштааст вай.
Таджикские студенты из города Ухань КНР, уезжают на родину - Sputnik Тоҷикистон
Шароит хуб ки шуд, бармегардонем: сӯҳбати вазир аз 10 донишҷӯи дар Чин монда

Имрӯзҳо, мардуми Чин таҳти роҳбарии Ҳукумати Чин бар зидди эпидемияи илтиҳоби шуш мубориза бурда истодааст. Мо боварии комил, қувваю тавоноии кофӣ ва эътимоди амиқ дорем, ки дар ин мубориза бо мақсади пешгирии эпидемия ғолиб меоем, афзудааст раиси Чин.

"Моҳи июни соли сипаришуда, мо дар шаҳри Душанбе суҳбату мулоқотҳои дӯстона доштем ва доир ба муносибатҳои Чину Тоҷикистон ва рушди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори андеша намуда, муносибатҳои ду кишварро ба марҳалаи нави рушду шукуфоии якҷоя ворид намудем. Ман ба густариши муносиботҳо миёни Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса дода, омодаам бо Шумо минбаъд низ баҳри тақвият бахшидан ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Чин ва Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва рифоҳи кишварҳоямон дар робитаи наздик бошам", - афзудааст Ҷинпин.

Дар анҷом Си Ҷинпин гуфтааст, "ба Шумо саломатӣ ва дар корҳоятон комёбиҳо орзумандам. Ба мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон хушбахтиву амонӣ таманно дорам.

Миннатдории Чин аз мақомоти Тоҷикистон барои кӯмак

Ёдрас мешавем, 11 феврал, Ҳукумати Тоҷикистон тариқи ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Чин кӯмаки гуманитарӣ, иборат аз маводҳои тибби фиристода буд. Ҳавопаймо ҳангоми бозгашт шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Чин ба Ватан овард.

Лентаи хабарҳо
0