Боз хабар медиҳем: ВКД лаҳзаи истирдод ва бозпурсии Хӯҷа Командирро нишон дод - Навор

© © МВД РТКаримов Худжа Рахимович, Хуҷа-командир, бывший полевой командир
Каримов Худжа Рахимович, Хуҷа-командир, бывший полевой командир  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар барномаи вижаи телевизионӣ лаҳзаи истирдоди собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ ва муттаҳам ба ҷиноятҳои сангин Хӯҷа Командирро нишон дод. Дар ҷои дигаре, бозпурсии вай намоиш дода мешавад

ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар барномаи телевизионии "Ахбори ВКД" дар бораи истирдоди яке аз чеҳраҳои криминалии ҷанги шаҳрвандӣ, яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ ва муттаҳам ба ҷиноятҳои сангин аз қабили одамкушӣ, гаравгонгирӣ, нигоҳдошти силоҳ Каримов Хӯҷа гузориш додааст.

"Шаҳрванд Каримов Хӯҷа бо тахаллуси Хӯҷа Командир 1 октябри соли 1960 дар ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст, барои содир кардани ҷиноятҳои куштор, гаравгонгирӣ, бандитизм, нигоҳ доштани силоҳи оташфишон дар кофтукови расмӣ қарор дошт ва дар натиҷаи ҳамкорӣ бо субъектони хориҷӣ Хӯҷа Каримов дар шаҳри Дубайи АМА дастгир гардида, санаи 16 феврали соли равон ба Тоҷикистон истирдод гардид", - гуфта мешавад дар гузориш.

Дар навори ВКД, зоҳиран, лаҳзаи амалиёти мақомот дар Дубай ва фуругдгоҳ нишон дод мешавад. Ҳамчунин худи Хӯҷа Командир бозпурсӣ мешавад ва чунин мегӯяд:

"Ман Каримов Хӯҷа Раҳимович, соли таваллудам 1 октябри соли 1960, зодаи деҳаи Қизилқалъа, ноҳияи Ғозималик, вилояти Хатлон".

Хуҷа-командир аз боздоштгоҳи Дубай озод шуд

Дар идома вазорат аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар дар бораи ҷиноятҳои Хӯҷа маълумоте дошта бошанд, ба ВКД хабар диҳанд.

Дар анҷом ниҳод гуфтааст, ки "бо ба даст омадани хулосаҳои иловагии тафтишот вобаста ба кирдорҳои ҷиноятии Хӯҷа Каримов дар нашрҳои баъдии банома хбар хоҳем дод".

Лентаи хабарҳо
0