“Коронавирус” монеа нашуд: мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Чин дар моҳи январ афзоиш ёфт

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкКитайский рынок "Джунхай" в Бишкеке. Архивное фото.
Китайский рынок Джунхай в Бишкеке. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тиҷорат миёни Тоҷикистону Чин дар моҳи январи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88 дарсад афзоиш доштааст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии омор, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ду кишвар дар моҳи январ ҳудуди 82 миллион доллар табодули тиҷорӣ доштаааст.

Вспышка коронавируса в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди қурбониёни коронавирус дар Чин ба 1770 нафар расид

Ба иттилои манбаъ 92 дарсад (наздик ба 76 миллион доллар) аз ин маблағ мизони воридоти маҳсулоти чинӣ ба Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин ҳол, содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба Чин дар ин муддат 6 миллион долларро ташкил додааст.

Чин филизоти ғайриқиматӣ, мошин, таҷҳизот ва қатаоти эҳтиётӣ, васоили нақлия, пӯшок ва маҳсулоти мухталифи санъатиро ба Тоҷикистон содир мекунад.

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январ 383 миллион долларро т ашкил додааст.

Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ дар ин муддат 72 миллион доллар аммо воридоти маҳсулот ба кишвар 311 миллион долларро ташкил додааст.

Тоҷикистон дар моҳи январ бо 78 кишвари мухталифи ҷаҳон тиҷорат доштааст.

Русия монанди солҳои қабл ба унвони шарики аслии тиҷории Тоҷикистон боқӣ монда ва мубодилаи тиҷории ду кишвар дар январ 96 миллион доллар будааст.

Чин бо 92 миллион доллар ва Қазоқистон бо 69 миллион доллар дар ҷойгоҳи дувум ва севум қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0