Наҷоти бабри барфӣ дар Бадахшон

Комиссияи Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ бабри барфии модаро, ки ба сокинон наздик мешуд, зеи муҳофизати худ гирфтанд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон бабри кӯҳиро наҷот доданд, хабар додааст раиси муассисаи "Кӯҳҳои Помир" Қурбон Аламшоев дар Фейсбук.

Снежный барс. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли бабри барфӣ аз Тоҷикистон ба Русия
Ҳайвони ваҳшӣ дар ҷустуҷӯи хӯрок ба қишлоқи Ляхчи Ванҷ фаромадааст. Як ҳафтаи ахир бабр 6 гӯсфанд ва бузи сокинони маҳаллиро хӯрдааст.  Сокинон дастаҷамъона бабрро муҳосира карданд ва дар оғиле баста, ба мақомотҳои дахлдор хабар доданд.

Раёсати ҳифзи муҳити зист бабри кӯҳиро барои тавонбахшӣ ба Хоруғ бурдаанд.

"Ин бабри мода каме пир аст - 12-13 сол дорад. Ӯ бемадор ва бемор асту ба кӯмакии фаврии бойторӣ ниёз дорад", - гуфтааст номзади илмҳои биологӣ Абдулназар Абдулназаров.

 

Феълан бабри барфии модаро дар боғи ваҳши пажӯҳишгоҳи бологии Помир нигоҳ медоранд. Ин ҳайвони нодирро камаш се моҳ табобат ва нигуҳубин сипас раҳо мекунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала