Сироҷиддин Муҳриддин ба Маскав меравад

© © Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон охири моҳи феврали соли равон барои мулоқот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ба шаҳри Маскав сафар хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафари расмӣ вориди пойтахти Русия хоҳад шуд, иттилоъ додааст намояндаи расмии ВУХ Русия Мария Захарова.

Министр иностранных дел Республики Таджикистан г-на Сироджиддин Мухриддин и Государственный Секретарь США Майк Помпео - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Майкл Помпео дар Тошканд

Вай таъкид кард, ки сафари вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ташаббуси Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия сурат гирифтааст.

Тарафҳо зимни дидор масоили сиёсати минтақавӣ, вазъи Афғонистон, ҳамкорӣ дар бахши муқовимат бо терроризм ва масъалаи паҳншавии маводи мухаддирро баррасӣ хоҳанд кард.

Инчунин, Мария Захарова таъкид дошт, ки зимни мулоқоти вузарои хориҷаи Тоҷикистону Русия, ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки дар асоси принсипҳои ҳамкории стратегӣ ва шарикӣ асос ёфтаанд, баррасӣ хоҳанд шуд.

“Вузарои хориҷаи ду кишвар ҳамоҳанг намудани амалҳои сиёсӣ дар ИДМ, СПАД ва СҲШ- ро алоҳида баррасӣ хоҳанд кард”, - қайд кард Захарова.

Ҳамчунин намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Русия зикр кард, ки дар чаҳорчуби сафари кории вазири тоҷик қарор аст, барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистону Русия барои соли 2020 ба имзо расад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала