“Speedtest Global Index” суръати интернетро дар Тоҷикистон аз бадтаринҳо хонд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкWi-Fi. Архивное фото
Wi-Fi. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Speedtest Global Index” Тоҷикистонро дар раддабандии ҷадидаш аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар ҷойи 133 ва аз руйи интернети ноқилӣ дар зинаи 109 қарор додааст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тибқи раддабандии ҷадиди “Speedtest Global Index”, ки бар асоси нишондодҳои моҳи январ таҳия шудааст, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон пасттарин, миёни 140 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 133 қарор гирифтааст.

Смартфон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: суръати пасти интернет айби VPN не, операторҳои мобилӣ аст

Дар гузориши “Speedtest Global Index”, суръати интернети мобилии Тоҷикистон, барои боргирӣ 8,98 Мбит дар сония  ва барои воридсозӣ 5,04 Мбит дар сония  арзёбӣ шудааст. Дар ҳоле ки суръати миёнаи интернети мобилӣ дар ҷаҳон 23,8 Мбит ва баландтарин 87,1 Мбит/сония баҳогузорӣ шудааст.

Ин гузориш инчунин интернети ноқилиро низ фаро гирифтааст, ба пояи он миёни 176 кишвар дар зинаи 109 қарор гирифтааст. Бар пояи гузориш дар Тоҷикистон боргирӣ тавассути интернети ноқилӣ 22,75 Мбит дар мсния ва боргузорӣ бошад 23,82 Мбит  дар сонияро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистон дар раддабандии моҳи октябри соли гузаштаи “Speedtest Global Index” миёни 108 кишвар дар ҷойи 132 қарор гирифта буд.

Бонки ҷаҳонӣ гуфт, кӣ ба рушди интернет дар Тоҷикистон монеъа эҷод мекунад

Миёни кишварҳои ИДМ Росси дар зинаи 96, Қазоқистон дар ҷойи 103-ум, Қирғизистон - 115-ум ва Ӯзбекистон - 132-ум мебошанд.

Дар садри ҷадвали раддабандӣ аз рӯйи интернети мобилӣ Аморати Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар ҷой гирифтаанд. Сингапур, Ҳонконг ва Монако бошанд аз рӯйи интернети ноқилӣ дар се зинаи аввали раддабндӣ қарор гирифтаанд. Зинаи охири радабандиро Афғонистон мақоми, Руанда ва Фаластин соҳиб шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0