Дар Арабистони Саудӣ тарабхонаеро бо тарҳи "зиндон" боз кардаанд

Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Арабистон Саудӣ тарабхонаеро боз кардаанд, ки дохили он бо тарҳи "зиндон" сохта шуда, фазои маҳбасро мемонад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бино ба гузориши Sputnik Афғонистон, тарабхона дар шаҳри Ҷиддаи Арабистон боз шудаст.

Тавре аз навори видеоие, ки аз ҷониби мизоҷон сабт шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни корбарони арабзабон давр задан дорад, маълум мешавад, ки тарабхона “Novel” ном доштааст.

Навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ махсусан Твитер миёни корбарони арабзабон баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Дар наворҳои паҳншуда, дида мешавад, ки кормандон дар тан либосҳои норинҷии мисоли зиндониён аз мизоҷон пазироӣ мекунанд.

Дар тарабхона ҳамчунин як “зиндони кучак” низ будааст, ки мизоҷон метавонанд дар он акс бигиранд.

Хӯрданӣ ва нӯшиданиҳо низ аз пушти панҷараҳо пешниҳод мешавад ва мизу курсиҳои ин макон низ ба таври хос сохта шудаанд.    

Лентаи хабарҳо
0