Тӯҳфаи Вазорати беҳдошт ба бонувони тоҷик: "аз ташхиси ройгон мегузаронем"

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешТаджикские женщины на улице
Таджикские женщины на улице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар арафаи Рӯзи модар ба бонувони тоҷик ташхиси ройгонро ҳамчун тӯҳфа пешниҳод кунад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Аз 1 - ум то 8 - уми марти соли равон бонувони Тоҷикистон имкон доранд аз чанд намуди ташхис ба таври ройгон гузаранд.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Ройгон: дар Тоҷикистон ташхиси ВИЧ ва саратонро барои занон бепул карданианд

Ин иқдомро Озмоишгоҳи миллии референсиӣ Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯи даст гирифтаст.

Ташхиси ройгон ба хотири “Рӯзи дарҳои кушод” дар Тоҷикистон

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, аз 1 то 8 марти соли равон тамоми занону духтарони мамлакат метавонанд аз ташхиси се намуд кандидоз-албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат ва гепатити Б-ро  ба таври ройгон гузаранд.

Ҳамзамон, озмоишгоҳи мазкур бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 1 то 21 марти соли равон  тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ташхиси ройгон  барои муайян кардани диабети қанд, хун барои уфунат ва гепатити Б фаро хоҳад гирифт.

Суғд: Собиқадоронро рӯзи 9 май ройгон ташхиси тиббӣ мекунанд

Манбаъ меафзояд, хоҳишманон метавонанд бидуни наҳорӣ кардан, аз соати 8-и субҳ то то 11-и рӯз ба озмоишгоҳи мазкур воқеъ дар шаҳраки Шифобахш (Қарияи Боло) муроҷиат  намоянд.

Лентаи хабарҳо
0