Абдуллоҳ Абдуллоҳ нахустин таъиноти кадриро дар Афғонистон анҷом дод

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксГлавное исполнительное лицо Исламской республики Афганистан Абдулла Абдулла
Главное исполнительное лицо Исламской республики Афганистан Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон, ки дар садади ташкили давлати фарогир дар Афғонистон аст, дар нахустин иқдомаш барои яке аз вилоятҳои ин кишвар раиси вилояти нав таъин кард

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бар асоси эъломи рӯзи шанбеи хабарнигорон ва бархе расонаҳои Афғонистон, Муҳаммад Нур Раҳмонӣ раиси Шурои устонии Сарипул ба унвони раиси вилояти нав барои ин вилоят аз сӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъин шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Премьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон
Оғози гирдиҳамоии мардумӣ дар Афғонистон ба ҳимоят аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Бино бар иттилои манбаъ, ҳамзамон бо таъини раиси вилояти нав барои вилояти Сарпул, садҳо нафар аз ҳаводорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маҳалли раиси вилоят тачаммуъ кардаанд то раиси вилояти нав кори худро оғоз кунад.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта бори дигар Муҳаммад Ашрафғаниро барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эълом кард ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ нафари дуввум шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯзии Ашрафғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро қабул накарда ва эълом кардааст, ки давлати фарогир ташкил медиҳад.

Қарор аст имрӯз Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои вилятҳои Ҷавзҷон ва Панҷшер низ вилоятдорони нав муаррифӣ кунад ва ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳануз дар инбора вокуниш нишон надодааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 28 декабри 2019 баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала