Дар пойтахт сокинони кишварро давоми 21 рӯз ройгон ташхис мекунанд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкЦентр по профилактике и борьбе со СПИДом
Центр по профилактике и борьбе со СПИДом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар моҳи марти соли равон бахшида ба рӯзи модар ва ҷашни Наврӯз барои тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳраки Шифобахш (Қараболо) ташхиси ройгон роҳандозӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазортаи тандурустии Тоҷикистон, озмоишгоҳи миллии референсӣ-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи модар аз 1 то 8 марти соли равон ба тамоми занону духтарони кишвар ташхиси ройгонро ба роҳ мемонад. 

Коронавирус нового типа зарегистрирован в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Шумори фавтидагон аз “коронавирус” дар Эрон ба 4 нафар расид

Тибқи иттилои манбаъ, занону духтарони кишвар ташхиси се намуд кандидоз-албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат ва гепатити Б-ро  ба таври ройгон ба роҳ мемонад.

Инчунин, вазорати тандурустӣ қайд намудааст, ки озмоишгоҳи мазкур бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 1 то 21 марти соли равон  тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ташхиси ройгон  барои муайян кардани диабети қанд, хун барои уфунат ва гепатити Б фаро хоҳад гирифт.

“Хоҳишманон метавонанд наҳорӣ накарда, аз соати 8-и субҳ то то 11-и рӯз ба озмоишгоҳи бо суроғаи шаҳри Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қараболо)  муроҷиат  намоянд”, -  таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.

Лентаи хабарҳо
0