Чор медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Ҳиндустон

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксГреко-римская борьба
Греко-римская борьба - Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммад Икромов дар охирин рӯзи сабқат дар Қаҳрамонии Осиё оид ба гуштин сазовори медали нуқра гардид. Ин чорумин медали варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи Ҳиндустон ба ҳисоб меравад

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар рӯзи охири мусобиқаи Қаҳрамонии Осиё оид бо гуштин варзишгари тоҷик сазовор ба гирифтани медали нуқра гардид. Мусобиқаи мазкур, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон мегузашт, дирӯз ба анҷом расид.

Греко-римская борьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштин ду варзишгар намояндагӣ мекунанд

Муҳаммад Икромов варишгари тоҷик ба се медали қаблии паҳлавонони тоҷик боз як нишони нуқра илова намуд.

Ин чорум медали гуштингирони мо дар Қаҳрамонии Осиё буд, ки 18-23 феврал дар Деҳлӣ баргузор шуд. Қаблан Ҳикматулло Воҳидов дар вазни 57кг-и гуштини озод медали нуқра, Искандари Рустам дар вазни 97кг-и гуштини озод ва Мубинҷон Ахмедов дар вазни 63кг-и гуштини юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Воҳидов рақибонаш аз Қирғизистону Узбекистонро шикаст дод

Дар қаҳрамонӣ аз рӯи се равия – гуштини тарзи озод, гуштини юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон – 275 варзишгар аз 24 давлати қораи Осиё иштирок доштанд. Ҷумҳурии моро 15 варзишгар – ҳафтнафарӣ аз рӯи равияҳои гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, як нафар дар гуштини бонувон намояндагӣ карданд.

Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Ҷопон бо ба даст овардани 15 медал (8 тилло, 5 нуқра, 2 биринҷӣ) ҷои аввалро сазовор шуданд. Эрон бо 17 медал (7-4-6) ҷои дуюм, Ҳиндустон бо 21 медал (6-5-10) ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Тоҷикистон бо ду медали нуқра ва 2 биринҷӣ миёни 24 кишвари иштирокчӣ ҷои нуҳумро ишғол кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала