Ҳалокати 4 тоҷик ҳангоми бархӯрди худрави Honda бо мошини боркаш дар Қазоқистон

© Sputnik / Амир ИсаевГрузовые автомобили в горах Таджикистана, архивное фото
Грузовые автомобили в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зӯҳри имрӯз дар яке аз манотиқҳои Қазоқистон худрави Honda бо мошини боркаш бархӯрдаст, ки дар натиҷа ронандаи мошини сабукрав ва се мусофири ӯ, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ҷон аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Чор шаҳрванди Тоҷикистон бар асари садамаи мудҳиш дар яке аз вилоятҳои Қазоқистон ба ҳалокат расиданд.

Тепловоз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бархӯрди қатора ба мошини сабукрав: ҳалокати ҷавони 23-сола

Ба иттилои котиботи департаменти пулиси Қазоқистон, ҳодисаи мазкур дар шоҳроҳи Қарабутак - Костанай дар ноҳияи Айкаи вилояти Актюбе рух додааст.

Бархӯрди пурқурбонии мошинҳои ҳомили 9 нафар дар Файзобод

"Ба маълумоти қаблӣ, автомашинаи Honda ба хати муқобили роҳ баромада, бо мошини боркаши Volvo таҳти идораи ронандаи 52-сола, сокини ин вилоят бархӯрдаст. Дар натиҷа ронандаи худрав ва чор мусофири ӯ, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ба ҳалокат расиданд", - омадааст дар хабар.

Қаблан хабар дода шуд, ки бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо автомашинаи борбар дар Қазоқистон дасти кам се нафар ба ҳалокат расида буд.

Лентаи хабарҳо
0