Пулу моламро ба давлат мебахшам: мактуби Гулнора Каримова ба Шавкат Мирзиёев

Обуна шудан
Гулнора Каримова бар ин бовар аст, ки агар давлат ба пешниҳоди ӯ бархӯрди дуруст кунад, ҳатман бурд мекунад

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik.  Гулнора Каримова духтари собиқ раисҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов ба кишвардори феълӣ Шавкат Мирзиёев мактуб ирсол намудаст.

Дар номаи худ Каримова аз президенти Ӯзбекистон дархости озодӣ барои худ намуда афзудаст, ки ба ивази озодӣ, омода аст аз баҳри пулу дороиҳои хонаводааш гузарад. Матни мактуби Гулнора Каримоваро духтари ӯ Имон Каримова дар сафҳаи худ дар Instagram ҷой додааст.

Публикация от @ iman.k17

Гулнора Каримова афзудаст, ки давоми чанд соле, ки дар зиндон ба сар мебарад, вазъи саломатии ӯ бад шуда ниёз ба ду ҷарроҳии фаврӣ дорад.

"Барои ҳифзи саломатии худ ва сарҷамъии хонаводаам, омода ҳастам аз баҳри даъвоҳо барои моликияти хонаводагиямон дар бонки Швейтсария гузарам ва 686 миллион долларе, ки дар ин бонк маҳфуз аст бидуни кашмакашҳои судӣ ба фоидаи давлат ихтисос диҳам", - гуфтааст Каримова.

Ӯ аз рафти мурофиаҳои додгоҳӣ изҳори нигаронӣ намуда афзудаст, ки ҳамаи муроҷиатҳои ӯ сарфи назар мешаванд.

Гульнара Каримова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Прокуратураи генералӣ тафтишоти парвандаи Гулнора Каримоваро ба анҷом расонд

Ба боварии Каримова, агар давлат ба пешниҳоди ӯ бархӯрди оқилона намояд, ҳатман бурд мекунад.

Юлдуз Усмонова: агар барои Каримова намесароидам аз саҳна маҳрум мешудам

Ӯ дар муроҷиат ба Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Ӯзбекистон гуфтааст, дар симои ӯ шахси хирадманду ҳалимро мебинад ва бо ӯ давоми чанд сол ҳамкориҳои зич ва пурсамар доштаст.

"Маро ба хотири ду фарзандам ва падари марҳумам, ки ӯро роҳнамои худ мегуфтед, озод кунед. Мо ҳамроҳ бо фарзандон ва набераҳои падарам бовар дорем, ки пас аз 7 сол,  ҳамроҳ зиндагии хушбахт ба сар мебарем ва ин иқдоми неки шуморо ба ёд меорем", - изҳори умед намудаст Каримова.

Ёдовар мешавем, ки Гулнора Каримова ҳанӯз моҳи августи соли 2015 барои тамаъҷӯӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор дониста шуд ва 18 - уми декабри соли 2017 барои содир кардани боз як ҷинояти дигар ба мӯҳлати 10 сол равонаи зиндон шуд.

Моҳи августи соли 2019 Додситони кул алайҳи духтари нахуст президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ӯро дар сирқати маблағҳои давлатӣ ва бастани созишномаҳо бар хилофи манфиати кишвар айбдор донист.

Лентаи хабарҳо
0