Бонки Ҷаҳонӣ барои солимгардонии “Барқи Тоҷик” 134 миллион доллар медиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи “Солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ” ба маблағи 134 млн доллар грант ҷудо кардааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, лоиҳаи  “Солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ” барои беҳбуди фаъолият ва истеҳсолнокӣ, ҳамчунин мусоидат ба идоракунии нисбатан муассири ширкати “Барқи тоҷик” равона хоҳад шуд.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Барқи тоҷик" қарзи андозро "0" кард

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ таъкид намудаанд, ки ширкати “Барқи тоҷик” ба як қатор мушкилоти молиявӣ ва амалиётӣ мунҷар шудааст.

“Тарифи мувозин ба барқи пасттар аз ҷуброни хароҷот, сатҳи ноустувор ва афзояндаи қарз, сатҳи пасти ҷамъоварии маблағ аз рӯйи ҳисобҳои гузошташуда барои истифодаи барқ, норасоиҳо дар истифода ва таҷрибаи ғайриоқилона дар идоракунӣ ба он оварда расониданд, ки ширкат ба мушкилоти молиявӣ дучор шудааст”, - қайд мекунанд онҳо.

Ҳамзамон Бонки ҷаҳонӣ қайд намудааст, ки тадбирҳое, ки дар доираи ин лоиҳаи “маблағгузорӣ мешаванд, барқарор намудан ва таҷдиди зерсохтори таъминот бо барқ, беҳбуди ҷамъоварии маблағ аз рӯйи ҳисобҳои гузошташуда, расидан ба тарифҳои сатҳи ҷуброни хароҷот, коҳиши талафоти барқ, танзими қарз ва пардохти саривақтии он, ҳамгироии тарзҳои оқилонаи идоракунии умумӣ ва шаффофият дар ҳошияи фаъолияти амалиётию молиявии ширкатро дар бар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0