Рустами Эмомалӣ ба ВКД иҷозат дод: бонувони мошинрони Душанбе мусобиқа мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевКонкурс «Авто-Бону-2015»
Конкурс «Авто-Бону-2015» - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озмуни ронандагӣ барои занон 7 март дар пойгоҳи мошинронии ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарореро имзо кардааст, ки тибқи он дар пойтахт озмуни "Авто-Бону-2020" баргузор мешавад.

Тавре дар санади мазкур омадааст, ба Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани озмуни "Авто-Бону-2020" дар шаҳри Душанбе иҷозат дода мешавад.
Конкурс «Авто-Бону-2015» - Sputnik Тоҷикистон
"Авто-Бону-2020": дар пойтахт барои занҳои ронанда озмун баргузор мешавад

"Авто-Бону-2020" санаи 7 марти соли аз соати 9:00 то 10:30 дар пойгоҳи мошинронии ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнӣ баргузор хоҳад шуд.

"Муқаррар шавад, ки макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар назди "Наврӯзгоҳ" сурат гирифта, баъдан қатораи автомобилҳои иштирокчиёни озмун бо мушоиати автомобилҳои патрулии БДА ва мотосиклронҳои Клуби ҷумҳуриявии Ҷамъияти мададгори мудофиа ҳаракатро тавассути кӯчаю хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ, С.Айнӣ то пойгоҳи автомобилронии ба номи А. Турсунов ба роҳ монанд", - омадааст дар банди севуми қарор.

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми гузаронидани озмуни "Авто-Бону-2020"муваззаф шудаанд.

Зебосанамҳои сари чанбарак: кӣ дар озмуни "Авто-Бону-2019" пирӯз шуд

Раёсати итилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи "Паёми Душанбе" ва "Телевизиони Душанбе" инъикоси васеъи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ хоҳанд монд.

Лентаи хабарҳо
0