Тағйироти кадрӣ дар намояндагии СММ дар Тоҷикистон бо розигии Ҳукумат

© акс аз сомонаи БР СММ дар ТоҷикистонПратибха Меҳта, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон
Пратибха Меҳта, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид, Сезин Синаноглу, намояндаи Туркияро ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон таъйин кард. Пратибха Меҳта, намояндаи доимии СММ, ки то ҳол дар Тоҷикистон 2 мақомро бар дӯш дошт, аз якеяш канор рафт

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Синаноглу, ки бо розигии Ҳукумати Тоҷикистон ҳамоҳангсози доимии СММ таъйин шудааст, дар бахши рушд таҷрибаи 25-сола, аз ҷумла собиқаи 22-солаи кор дар Барномаи рушди СММ-ро дорад.

В офисе ООН в Душанбе приспущен флаг в знак скорби по погибшим в результате крушения самолёта в Эфиопии - Sputnik Тоҷикистон
Парчамфарорӣ дар Душанбе барои поси хотири қурбониёни суқути ҳавопаймо дар Ҳабашистон-акс

Аз июли соли 2015 то охири соли 2018 Синаноглу ҳамоҳангсози доимии СММ дар Босния ва Герсеговина буда, аз ин пештар ба ҳайси намоянда ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Муғулистон  фаъолият доштааст.

Ӯ хатмкардаи донишгоҳи техникии Анқара дар бахши тарҳрезии шаҳр буда, ҳамчунин дар мақомҳои роҳбарии Барномаи рушди СММ дар Ироқ, Туркманистон, Қирғизистон ва дар Барномаи довталабон дар Бонн фаъолият доштааст. Ӯ қабл аз пайвастан ба СММ, ҳамчун шаҳрсоз дар ҳукумати Туркия ва дар бахши хусусӣ дар ИМА кор кардааст.

То ҳол Пратибха Меҳта, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ ҳамзамон вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ-ро дар Тоҷикистон иҷро мекард. Ба далели ислоҳоти сохторӣ аз 2 марти соли 2020 хонум Меҳта танҳо намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Ба иттилои котиботи намояндагии СММ дар Тоҷикистон, вазифаҳои намояндаи доимӣ  аз ҳамоҳангсози доимии СММ ҷудо карда шудаанд ва хонум Меҳта тасмим гирифтааст, минбаъд фаъолияташро ба ҳайси намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон давом диҳад.

Лентаи хабарҳо
0