Шоҳиди сулҳи Толибону Амрико: ҳайати Тоҷикистон дар Қатар

© © Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳайате таҳти раҳбарии Сироҷиддини Муҳриддин ҳоло дар Доҳа, пойтахти шоҳигарии Қатар қарор дорад

ДУШАНБЕ, 28 феврал — Sputnik. Ба таъйиди ин манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар маросими имзои созишномаи сулҳ миёни Толибону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат хоҳад кард.

Члены террористического движения Талибан в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Музокироти Амрико ва Толибон: оё созишномаи сулҳ имзо мешавад?

Толибону Амрико дар пайи музокироти сулҳе, ки миёни ду тараф беш аз як сол тӯл кашид, тавофуқ кардаанд ба як созишномаи сулҳ имзо кунанд.

Изҳороти Доналд Трамп дар мавриди оташбас бо толибон: сулҳнома дар Қатар имзо мешавад

Бино ба иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, яке аз шартҳои ин сулҳ хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон аст, ки соли 2001 бо шиори "ҷанг бо терроризм" вориди ин кишвар шуда буданд. Даъвои Амрико ин буд, ки Аморати исломии Толибон терроризми байнуллмилалиро пуштибонӣ мекунад ва бояд сарнагун шавад.

Бино ба созишномаи сулҳи Толибону Амрико, ки ҷузъиёташ ба расонаҳо дарз кардааст, пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ музокироти байнулафғонӣ миёни тамоми нерӯҳои сиёсии Афғонистон бояд роҳандозӣ шавад ва як ҳукумати эътилофӣ ба вуҷуд ояд. Мардуми Афғонистон умедворанд, ки ин созишнома заминаи сулҳи доимӣ дар кишварашонро низ фароҳам хоҳад кард.

Бронетранспортер НАТО на трассе Кабул-Баграм - Sputnik Тоҷикистон
Доми Афғонистон: Кобулро баъди хуруҷи артиши ИМА аз кишвар чӣ таҳдид мекунад

Қаблан дафтар сиёсии Толибон дар Қатар ба расонаҳо хабар дода буд, ки вазирони хориҷа ва намояндагони вижаи ҳудуди 30 кишвар ва созмонҳои мӯътабари байнулмилалӣ дар маросими имзои созишнома миёни ин гурӯҳ ва Амрико имрӯз, 29 феврал, ширкат кунанд. Дар ин маросим ҳайатҳои расмии ду тими матраҳи Афғонистон ба намояндагӣ аз раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва раиси иҷроия Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба алоҳидагӣ ҳузур хоҳанд ёфт.

Маркази матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳайати тоҷикӣ ба ҷуз ширкат дар маросими имзои созишномаи сулҳ миёни Толибону Амрико бо мақомоти Қатар низ дидору гуфтугӯҳо хоҳад дошт. Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки Масҷиди Бузурги Душанбе моҳи март бо ширкати амири Қатар ифтитоҳ хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0