Таъини сармураббии нав дар дастаи "Истаравшан"

© Стас ЭтвешФутбольные мячи на поле, архивное фото
Футбольные мячи на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи футболи “Истаравшан”, ки дар Лигаи олӣ ҳунарнамоӣ мекунад, аз таъини мутахассиси футболи ватанӣ, Алиёр Ашӯрмамадов ба вазифаи сармураббиии ин тим хабар дод

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Алиёр Ашӯрмамадови 51-сола аз ин пештар ду мавсим дар бошгоҳи футболи "Панҷшер" фаъолият карда буд, хабар додааст сомонаи телевизиони "Варзиш". Баъди натиҷагирии мавсими гузаштаи мусобиқаи Лигаи олӣ, футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зинаи охири ҷадвалро касб карда, Лигаи олиро тарк гуфтанд.

Жеребьевка второго раунда отборочного турнира чемпионата мира - Sputnik Тоҷикистон
Қуръакашии чемпионати Тоҷикистон – 2020: се даста бори аввал роҳхат гирифтанд

Манбаъ афзуд, Алиёр Ашӯрмамадов ҳанӯз соли 2015-ум дар дастаи дигари шаҳри Истаравшан бо номи “Далерон-Уротеппа” ба сифати сармураббӣ фаъолият мекард ва бо роҳбари ӯ даста баъди анҷоми мавсим мақоми 9-умро касб кард.

Дар мавсими гузашта дастаи “Истаравшан” миёни 8 тими иштирокчии мусобиқа мақоми панҷуми ҷадвалро ба даст оварда буд.

Тибқи ҳолномаи нашршуда, Алиёр Ашӯрмамадов 20 августи соли 1968 дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳозира Бохтар таваллуд шуда, дастпарвари бошгоҳи футболи “Скиф -1” мебошад. Ӯ дар давоми фаъолияти футболбозиаш дар дастаҳои "Вахш" (Қӯрғонтеппа, 1990), "Помир" (Душанбе, 1991—1992), "Локомотив" (Москва, 1993), "Авангард" (Коломна, 1994), "Анжи"(Махачқала, 1995—1998), "Варзоб" (Душанбе, 1999—2000), "Иртиш" (Павлодар, 2001—2002, март-июл 2005), СКА "Помир" (Душанбе, апрел-июл 2004), "Хима" (Душанбе, август 2005—2007) ҳунарнамоӣ кардааст.

Ба сифати мураббӣ таҷрибаи хуби кориро дар якчанд даста, аз ҷумла "Помир" (ВМКБ-2008), КМВА "Помир" (Душанбе-2009), Тоҷикистон U19-2009-10,"“Энергетик" (Душанбе-2010), КМВА “Помир” (Душанбе-2011-12), “Парвоз” (Б.Ғафуров-2013-14), “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан-2015), “Ҳосилот” (Фархор-2016-17), "Панҷшер" (Ҷалолиддини Балхӣ-2018-19) пайдо кардааст, навиштааст сомонаи телевизиони "Варзиш".

Лентаи хабарҳо
0